Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУЗАФФАРИЁН

МУЗАФФАРИЁН

МУЗАФФАРИЁН, сулолае, ки асри 14 дар Эрон давлати феодалии Музаффариёнро ташкил намуд. Ба он водии дар Язд будаи мугулхо — Муборизиддин Мухаммад ибни Музаффар асос гузоштааст. У аз таназзули давлати Халокунён истифода бурда, Кирмон (соли 1340), Форс (1353) ва Исфахонро (1356) ба каламрави худ хамрох намуд. Баъди хучуми Темур ба Эрони Чануби (1393) давлати Музаффариён бархам хурд. Хамдуллохи Казвини дар «Таърихи гуайда» аз тарафи Мухаммади Кутби таълиф гардидани таърихи Музаффариёнро кайд кардааст. Намояндагони сулолаи Музаффариён Муборизуддин Мухаммад ибни Музаффар (1314—58), шох Махмуд (1358—64), Чалолуддин Шох Шучоъ (1364—84), Мансур (1384— 93).

К. Бобоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …