МУТАКОРИБ (араби— наздикшаванда, ба хам наздик), номи яке аз бахрхои аслии (солими) аруз. Азбаски рукнхои ватад ва сабаби он ба хам наздиканд, арузиён онро Мутакориб номидаанд. Рукни асосии (аслии) Мутакориб фаулун (V) буда, дар натичаи каму зиёд кардани микдори хичову харфхо ё дигар шудани мавкеи хичохои дарозу кутох таркиби он тагйир ёфта, хашт зихоф ба вучуд меояд: (мусаббаг — фаулон; макбуз — фаулу; максур — фаул; махзуф — фаал; аслам — фаълун; аслами мусаббаг — фаълон; асрам — фоъ; абтар — фаъ). Аз омезиши рукни асли — фаулун ва зихофхои он зиёда аз хашт навъи авзони бахри Мутакориб дар шаклхои мусамман ва мусаддас сохта мешавад. Шакли мураббаъи Мутакориб маъмул нест. Мисолхо барои Мутакориб:
1) Мутакориби мусаммани солим:
(V /V /V ГУ )
Бути нозанинам, махи мехрубонам,
Чаро кахри за ман? Балоят ба чонам. (Лохути).
2) Мутарокиби мусаммани максур:
<У ГУ /V /V ~)
На танхо зи таъсири мехри чахон
Шавад борвар ин нихоли чавон. (Хабиб Юсуфи).
3) Мутарокиби мусаммани махзуф:
(V ГУ ГУ /У—)
Падармурдаро соя бар cap финан,
Губораш бияфшону хораш бикан. (Саъди).
4) Мутарокиби мусаддаси солим:
(V /V ГУ )
Зи дарди чудои чунонам,
Ки аз зиндагони ба чонам. ( Сайфи).
«Шохнома»-и Фирдавси, «Искандарнома»-и Низомии Ганчави, «Бус-тон»-и Саъди ва гайра дар бахри Мутарокиб (Мутарокиби мусаммани максур) навишта шудаанд.
Адабиёт: Бахром Сирус, Арузи точики, Душанбе. 1963; 3 е х н и Т.. Санъати сухан, Душанбе, 1979; У. Тоиров.