Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШКИ ЗАМИН

МУШКИ ЗАМИН

cyperusМУШКИ ЗАМИН (Cyperus), як чинси растанихои алафии бисёрсола, баъзан ду ё яксоларо гуянд, ки ба оилаи гешаихо мансуб аст. Гули дучинса, хушагули мураккаби соябоншакл, чормагзаки секирра дорад.

Кариб 500 намудаш асосан дар минтакахои тропики, субтропики ва баъ-зан муътадил меруяд. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР 14 ва дар Точикистон 7 намуди Мушки замин  дар чойхои сернам ва шибарзамини чануби мамлакат месабзад. Дар байни онко С. fuscus бештар пахн шудааст. С. rotundus бошад, факат дар Кавказу Осиёи Миёна меруяд. С. alterni-folius-po дар хонахо ва гулхонахо парвариш мекунанд. Бодоми замини (С. esculenthus)-ро баъзан чун растании гизои ва зироати хуроки чорво кишт менамоянд. Равгани эфири решапояи С. longus-po (нигаред расм) дар атриёт ва косметика истифода мебаранд, С. rotundus (саломалайкум), С. longue, С. fuscus ва С. glober алафхои бегонаи кишти пахта, шоли ва дигар зироатхо мебошанд. Решапояи Мушки замин (С. rotundus)-ро дар тибби халки барои табобати певрози дил, заъфи узвхои хозима ва гайра истифода мебаранд.

Адабиёт: Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 2, Душанбе, 1903; Аленоеев Ю. Б. (ва дигар], Травянистые растения Союза Советских Социалистических Республик, том 1, Москва, 1971. А. П. Чукавина.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …