Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУСИКИИ КАМЕРАВИ

МУСИКИИ КАМЕРАВИ

musikai-kameraviМУСИКИИ КАМЕРАВИ (аз лотини camera — хона), асари мусикист, ки барои дастаи хурди навозандагон ва сарояндагон эчод шудааст (дуэт (дугона), трио (сегона), квартет (чоргона), соната, романс ва гайра. Асархои мусикии якканавози, ки хоси асархои эстрада ва консерт нестанд (фуга, ноктюрн ва гайра), низ ба Мусикии камерави тааллук доранд. Оромию пурнафосати ва мучази хусусияти асосии Мусикии камерави мебошад. Мусикии камерави асри 16 дар Италия аввал ба жанрхои вокали ва минбаъд ба дигар жанрхои мусики рох ёфтааст. Дар ташаккули хусусиятхои Мусикии камерави мактаби мусикии Вена роли калон бозидааст. Бастакорони Точикистон С. А. Баласанян, А. Ленский, Ш. Сайфиддинов, Ч. Охунов, X. Аб-дуллоев, А. Хамдамоо, Д. Дустму-хаммадов ва Ф. Бадор дар офаридани асархои калони Мусикии камерави — квартет, трио’ ва романсу балладахо хисса гузоштаанд. Квартети тории иборат аз чор кисми Ш. Сайфиддинов, романс барои виолончел ва фортепиано, фуга ва вариасия барои фортепианои 3. Шахиди, трио барои скрипка ва фортепиахои X. Абдуллоев ва гайра аз чумлаи онхост. Онхо хам барои асбобхои мусикии европои ва хам барои асбобхои милли (рубоб, най, чанг, кушнай ва гайра) асархои зиёди камерави офаридаанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …