Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОДИЛАИ КЛАПЕЙРОН-КЛАУЗИУС

МУОДИЛАИ КЛАПЕЙРОН-КЛАУЗИУС

klayperon-klauziusМУОДИЛАИ КЛАПЕЙРОН-КЛАУ­ЗИУС, муодилаи термодинамикиест, ки просессхои аз як фаза ба фазаи дигар гузаштани моддахо (бухоршави, гудозиш, сублимасия, гузариши полиморфи ва гайра)-ро ифода мекунад. Мувофики Муодилаи Клапейрон-Клаузиус гармии гузари­ши фазави (масалан, гармии бугшави, гармии гудозиш) хангоми мунтазам чори шудани просесс бо ифодаи зерин муайян карда мешавад:

L I I Щ (V,-V,).         (1)

ки дар ин чо Т — харорати гузариш dp

(просесси изотерми), кимати хосилаи фишор нисбат ба харорат хангоми харорати додашудаи гузариш, (Уз—К|)— тагйир ёфтани хачми модда хангоми аз як фаза ба фа­заи дигар гузаштани он. Муодилаи (1)-ро бори аввал Б. П. Э. Клапей­рон (1834) хангоми тахлили сикли Карно барои буги конденсасияшаванда, ки бо моеъ дар холати мувозинати харорати мебошад, хосил кардааст. Соли 1850 Р. Клаузиус ин му- одиларо такмил дода, инро барои дигар гузаришхои фазави татбик намуд. Муодилаи Клапейрон-Клазиус барои хар гуна гузаришхои фазавие, ки дар онхо фурубурд ва ё ихрочи гарми ба амал меояд, татбикпазир аст ва натичаи бевоситаи ичро шудани шартхои мувозинати фазави мебошад. Муодилаи Клапейрон-Клазиусро барои хисоб кардани номаълуми дилхохи муодила (дар мавриди маълум будани дигар бузургихо) истифода бурдан мумкин аст. Дар холати хусуси бо ёрии он гармии бугшавиро хисоб мекунанд, ки дар тачриба хисоб намудани он басо душвор ва мураккаб аст.

Барои халли Муодилаи Клапейрон-Клазиус бештар усулхои хисоби ададиро истифода мебаранд. Муодилаи Клапейрон-Клазиусро хам барои махлулхо ва хам барои компонентахои алохидаи онхо татбик намудан мумкин аст.

Адабиёт:       Курс физической химии, под

редакцией Я. И. Герасимова, 2 издание, том I, Москва, 1960.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …