Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОДИЛАХОИ ЭЙНШТЕЙН

МУОДИЛАХОИ ЭЙНШТЕЙН

МУОДИЛАХОИ ЭЙНШТЕЙН, муодилахои майдони чозиба, бунёди математикии назарияи куллии нисбиятро гуянд, ки аз системаи муодилахои дифференсиалии гайрихаттии тартиби дуюми хосилаашон хусуси иборат буда, алокаи качии фазо — вактро бо таксимоту харакати модда ва майдонхои физи­ки (ба гайр аз майдони чозиба) муайян мекунанд. Онхо ба шакли зерин навишта мешаванд:

muodilai-eynshteyn

Бузургихои тарафи чапи муодиларо якчоя тензори Эйнштейн меноманд. Таркиби математикии вай аз gij (ба истилох тензори метри) ва хосилахои гуногуни он аз координа­тахо иборат аст. Аз чихати физики бошад, тензори Эйнштейн дар айни замон хам майдони чозиба ва хам геометрияи фазо — вактро тавсиф мекунад. Tij-po тензори энергия — импулс меноманд; вай аз таксимоту харакати модда ва майдони электромагнити вобаста буда, манбаи физикии gif хисоб мешавад. х- ро собитаи Эйнштейн мегуянд; вай ба —т“ баробар аст (G — собитаи Нютон, с — суръати нур).

Муодилаи Энштейнро К. Шварсшилд бори аввал барои халли масъалахои астро­физика истифода бурд (1916). Халли ёфтаи у майдони чозибаи зотан статики (бо мурури замон тагйирнаёбанда) ва марказан симметриеро тавсиф мекунад, ки массаи курашакле (барон мисол ситораи чудогона) дар атрофи худ ба вучуд меоварад. Махз дар асоси хамин халли амики Муодилаи Эйнштейн кудрати физикии наза­рияи куллии нисбият дар амал озмуда шуд (нигаред Чозиба). Як сол пас аз ин (1917) Эйнштейн татбики муодилахояшро дар масъалаи кос­мология чуст ва дар зимни ин ба хулоса омад, ки шакли аввалаи онхоро тагйир додан лозим аст. Сухан аз аъзои иловагие (ба истилох со­битаи космологи) меравад, ки ба та­рафи чапи Муодилаи Эйнштейн хамрох карда шудааст.

Дар сурати мусбат интихоб кардани аломати лямбда — аъзо кувваи фарзиеро тавсиф медихад, ки ба кувваи чозиба чамъ мешавад, яъне онро пуркувваттар мекунад, агар аломаташ манфи бошад, лямбда — аъзо нишонаи кувваест, ки мукобили кувваи чозиба амал намуда, онро суст ё мувозана мекунад. Эйнштейн аломати. ASij~Р° манфи интихоб кар­да, дар асоси муодилааш модели статикии Коинотро барсохт, ки дар он кувваи чозиба ва кувваи телади- хи хамдигарро мувозина мекунанд. (Эйнштейн аввалхо принсипи Мах- ро дастури тахкикоти космологии худ карор дода, гумон дошт, ки факат модели фазояш боинтихо ба ин принсип мувофик омада метавонад. Вале, чунон ки аз тадкикоти навини олими хиндунажоди англис Д. Шама бармеояд, гумони Эйнштейн ба асли хол чандон наздик нест; зотан принсили Мах боинтихоии фазои Коинотро такозо намекунад). Кашфиётхои баъдинаи А. А. Фрид­ман, Ж. Леметр ва Э. Хаббл, ки ниходи динамикии Коинотро ошкор сохтанд, Эйнштейнро водор кард, ки аз акидаи пешинаи худ даст кашида, хам аз чихати, мантики ва хам аз чихати физики асос надоштани лямбда — аъзоро эълон кунад. Бо вучуди ин дар замони мо мухаккиконе кам нестанд, ки бо хулосаи Эйнштейн рози нестанд ва аз таркиби математикию физикии Муодилаи Эйнштейн хо­рич кардани Аб<ГР° маъкул намекунанд. Ба хамин тарик, дар атро­фи ин масъала бахсу мунозираи илмию фалсафи хануз идома дорад.

Адабиёт:       Эйнштейн А. Собрание науч­ных трудов, том 1—2, Москва 1967; Ф о к В. А. Теория пространства, времени и тяготе­ния, 2 издание, Москва,1961, ЗельдовичЯ. Б., Новиков И. Д., Теория тя­готения и эволюция звезд, москва, 1971;

Миэнер Ч., Торя К., Уллнр Дж., Гравитация, т. 1—3, пер. с англ, М., 1977. Ландау Л. Д., Лифшиц Б. М, Теоретическая физика, том. 2, москва 1973. А. Турсунов

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …