Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУНЧ

МУНЧ

vicia-sativaМУНЧ, мунч (Vicia sativa), гиёхи як ё дусолаест аз оилаи лубиёихо. Баландиаш 20—100 сантиметр; пояиасо­сан рости сершохча, барги мураккаб (дарозиаш 4—10 сантиметр), ки аз 3—8 чуфт баргча иборат аст, гули гу- ногунранг, гилофаки 4—12-тухма, тухми гуногунранг (ашхабия сабзча, дорчини, сиёхтоб ва гайра) дорад. Моххои апрел- июн гулу мева мекунад. Мунч дар Европа, кишвархои бахри Миёназамин, Осиёи Хурд ва Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР (Кисми европои, Кавказ, Сибири Гарби ва Шарки, Шарки Дур, Осиёи Миёна) пахн шудааст. Мунчи худруй дар Точикистон асосан дар алафзори нимсаванн ва чангали гармсер (шиблак), инчунин хамчун алафи бегона дар киштзори гандум, чав, чавдар, наск (500—1800 метр аз сохили бахр меруяд. Асо­сан дар каторкуххои Хисору Дарвоз, нохияхои Точикистони Чануби, Шарки ва Помири Гарби пахн шу­дааст.

Мунч хуроки хуби чорвост. Онро дар хоки сернам мекоранд. Одатан, бо растанихои дигар омехта кишт мекунанд. Махсусан бо хушадорхо хушхур мешавад. Хошоки Мунч сергизо аст. Мунч дар давраи гулшукуфт 1,4% канди халшаванда, 26,6% протеин, 22,2% сафеда, 5,3% равган ва гайра дорад. 100 килограмм алафи хушки Мунч 20,1 килограмм протеини хозим дошта, 80,6 вохиди хуроки аст. Аз чихати сергизои ба себаргаи сурх наздик аст.

Адабиёт: Косимов Ч. К. (ва дигар, Зироатхои Точикистон. Душанбе, 1075; Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 5, Ленинград, 1978.

М. Р. Расулова.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …