МУЛЛОМУРТ Оллоберди Хочаниёз-угли (1879—1930), шоири coветии туркман. Аз оилан камбагал. Яке аз асосгузорони назми советии туркман. Бо эчодиёти классикони адабиёти форс-точик ва туркман шинос буд.
Дар шеърхояш сохти навро тараннум кардааст («Болшевик», «Октябри бошараф», «Озоди» ва гайра). Ба мукобпили хурофот мубориза бурда («Конуни нонавишти гузаштаи торик»), ба химояи хукуки занон бархостааст («Вазифам якум — озоди ба занон» ва гайра). Хамчун рассоми худомуз дар журнали «Тукмок» расмхои хачви кашида, шеърхои хачви чоп мекард.