МУЛЛОЁРИИ ЯЗДИ (соли таваллуд номаълум — вафот 1546), шоири форс-точик. Дар шахри Язд дукондори кардааст. Муллоёрии Язди шоири хачви буда, дар баъзе шеърхояш Вахшии Бофкиро хачв кардааст. Вахшии Бофки низ дар чавоби шеърхои хачви гуфтааст. Мувофики маълумотни манбаъхои адаби Муллоёрии Яздиро ба куштани касе айбдор намуда, ба катл махкум карданд. Вай бахшида ба ин вокеа матлае гуфтааст:
Аз катли мо хохад шудан фардо тамошои дигар.
Чизе намонд аз умри мо, моему фардои дигар.
Ин суханхо боиси рахои ёфтан аз катлаш шудаанд. Муллоёрии Язди асосан газал ва рубои гуфтааст; намунахои ашъораш тавассути тазкирахо то замони мо расидаанд.