Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛХАМ Муллоабдуллохи Бухорои

МУЛХАМ Муллоабдуллохи Бухорои

personМУЛХАМ  Муллоабдуллохи Бухорои (соли таваллуд номаълум — вафот такрибан 1720), шоири нимаи дуюми асри 17 ва ибтидои аари 18. Точик. Айёми бачаги ва тахсили Мулхам дар Бухоро гузаштааст. Мулхам бо намояндагони илму адаби Бухоро ва Самарканд аз наздик шинос буда, бо тазкиранавис Малехои Самарканди мулокот кардааст. Аз сухани худи шоир («Чахонгардам, Хироту назми Нозим дидаам, Мулхам) бармеояд, ки у ба Хирот низ сафар кардааст. Мулхам ба монанди падар ва бобои худ касби хиргохсози- ро аз худ намуда, ба музди ночизе аз ин касб факирона руз мегузаронид. Махсусан, ахволи шоир дар айёми пиронсолиаш боз хам вазнинтар шудааст.

Аз мероси адабии Мулхам як девони ашъор иборат аз газалиёт, рубоиёт, китъахои таърихи, мухаммасот ва касидахо, чамъ 2042 байт ва маснавии «Лайли ва Мачнун» (1571 байт) боки мондааст. Ашъори парокандаи Мулхам дар мачмуа ва баёзхои пас аз асри 17 низ ба назар мерасанд. Дар бай­ни осори бокимондаи Мулхам газал, ки танкиди замони феодали, сарзаниши табакахои хукмрон, мазаммати тамаъ, таргиби инсондусти, рости барин масъалахои ичтимои ва тарбиявиро дарбар мегирад, макоми асоси дорад. Дар девони Мулхам факат ду касида мавчуд аст, ки яке ба Мухаммадамин ном дусти шоир ва дигаре ба хукмрони замон Абулфайзхон бахшида шудаанд. Дар кисмати тагаззули касидаи дуюм, бар хилофи мавзуъхои маъмулии ташбиби касида Мулхам баъди шархи холи худ ба танкиди табакаи хукмрон мегузарад ва сабаби таълифи касидаро баён мекунад. Рубоиёт, китъахои таърихи ва мухаммасоти шоир устодона суруда шудаанд, ва­ле тозагии ба назар намоён надоранд. Достони нотамоми Мулхам «Лайлй ва Мачнун»-ро пас аз марги у шои­ри асри 18 Музхаб ба поён расонидааст. Мулхам . ба сюжети анъанавии «Лай­ли ва Мачнун» баъзе навигарихо дохил кардааст. Вале дар достони у назар ба достонхои «Лайли ва Мачнун»-и Хилоли ва Шохин таъсири тасаавуф пуркувваттар мебошад. Ашъори шоир бо забони содда ва равон эчод гардидааст.

Адабиёт: М и р з о е в А., Мулхами Бухорои, Сталинобод, 1949.

Т. Неъматзода.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …