Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ НОБЕЛИ

МУКОФОТИ НОБЕЛИ

nobel-prizeМУКОФОТИ НОБЕЛИ, мукофоти харсолаи байналхалки, ки номи му- ассиси он инженери химик, ихтироъкор ва саноатманди швед Альф­ред Бернхард Нобелро гирифтааст. Мувофики васияти Нобел маблагеро, ки баъди вафоти у боки монд ва аввалхо 31 миллион крони шведиро ташкил медод, ба фонди Нобел гузарониданд; маблаги мазкур дар аксия, облигасия ва заём гузошта шуд, даромади солонаи онро панч кисмати баробар мекунанд ва дар шакли Мукофоти нобели ба олимони сохахои физика, химия, физиология ё тиб, адабиёт, барои кашфиёт ва асархои шоиста, инчунин ба муборизони барчастаи сулх медиханд. Соли 1968 Банки давлатии Швесия ба муносибати 300-солагии худ барои асархои сохаи илмхои иктисоди мукофоти харсолаи хотираи Нобелро таъсис кард (дар асоси шартхо ва ба андозаи Мукофоти нобели дода мешавад).

Мукофоти нобели аз медали тиллои, ки тасвири Нобел, зерхатти мувофик дорад ва аз диплом ва чеки маблаги муайян (аз 30 то 70 хазор доллар) иборат аст. Аз руи васияти Нобел, Мукофоти нобелиро ин муассисахо медиханд: Академияи подшохии фанхо дар Сток­голм (доир ба физика, химия, мукофоти хотирави доир ба иктисодиёт), Институти подшохии тиббию чарро- хии Каролина дар Стокголм (доир ба физиология ва тиб) ва Академи­яи Швесия дар Стокголм (доир ба адабиёт); дар Норвегия Ко­митети нобелии парламенти норвег барон мустахкам намуданн сулх Мукофоти нобели медихад.

Мукофоти нобели ба номзадхо катъи назар аз нажод, миллат, чинс ва дину оин барои комёбихои навтарини сохахои мазкур ва асархои пешина, ки ахамияташон дертар ошкор гаштааст, дода мешавад. Хамаи мукофотхо, гайр аз мукофоти сулх, факат ба шахсони чудогона ва як бор до­да мешавад. Одатан Мукофоти нобелиро баъди вафот намедиханд.

Мухокимаи асархо ва овоздихи дар вазъияти махфии катъи сурат мегиранд, ихтилофот доир ба номзад дар карори мачлисхо кайд на-

мешавад. Дар матбуот факат карор ва сабаби додани Мукофоти нобели мухтасар дарч мегардад (сабаби додани мукофотхои сулхро нишон намеди- ханд). Карорхои оид ба додани му­кофот тагйир дода ё бекор карда намешаванд.

Маросими тантананоки супурдани Мукофоти нобели дар Стокголм ва Осло дар рузи вафоти Нобел 10 декабр барпо ме­гардад. Мувофики анъана ба лауре­ата Мукофоти нобели медали тиллоиро подшохи Швесия дар Стокголм доир ба илмхои табиатшиноси ва подшохи. Норвегия дар Осло доир ба сулх месупоранд. Мувофикн низомнома лауреати Мукофоти нобели одатан 6 мох, дар Стокголм ё Осло бо лексияхои нобели баромадхо мекунад. Мукофоти нобели аввалин бор соли 1901 дода шуда буд. Олимони совети Н. Н. Семёнов (оид ба химия; 1956), И. М. Франк, И. Е. Тамм (оид ба физика; 1958), Л. Д. Ландау (Оид ба физика; 1962), Н. Г. Басов, А. М. Прохоров (оид ба фи­зика; 1964), П. Л. Капица (оид ба физика; 1978) ва нависандаи совети М. А. Шолохов (1965) ба гирифтани Мукофоти нобели мушарраф шудаанд.

Бояд кайд кард, ки Мукофоти нобели на хама вакт ба асархои шоиста дода меша­вад. Баъзан бо сабабхои сиёсию гояви ба асархои камарзиш низ Мукофоти нобели медиханд ва ин собит мекунад, ки аъзоёни комитетхои Мукофоти нобели гаразноканд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.