Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУИНЗОДА Мунирхон

МУИНЗОДА Мунирхон

personМУИНЗОДА Мунирхон (1909, Xyчанд —1973, хамон чо), яке аз ав­валин ходимони адабиёт ва матбуоти точик. Тахсили ибтидоиро дар Мадраса гирифт. Институти давлатии пе­дагогии Душанберо тамом кард. Солххои 1920—26 муаллим, директори мактаб ва инспектори шуъбаи маорифи pайони Хучанд буд. Яке аз ташкилкунандагони мактабхои совети дар Хучанд. Соли 1927 ба Душанбе омад. Ходими газетахои «Бедории то­чик», «Овози точик», мушовири адабии Театри драмаи шахри Душанбе, котиби масъули журнали хачвии «Калтак» буд. Солхои 1948—52 ходими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии  Узбекистон, 1952—66 мухаррири Нашриёти давлатии Узбекистон ба номи Гафур Гулом. Муинзода ба забонхои точики ва узбеки шеър суруда, ашьори шоирони узбекро ба точики ва шоирони точикро ба узбеки тарчума кардааст. Бо медали «Барои мехнати шучоатнок» ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии  Узбекистон мукофотонида шудааст.

Л. Урунов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …