Маълумоти охирин

МУХИББИ

nophotoМУХИББИ  (тахаллус.; номаш Кулбобо; соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири точик (асри 16). Дар Бухоро зиндаги ва эчод кардааст. Бино ба маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутриби кукалтоши (бародари шир-хораи) муътабар ва хамзоди машхури Абдуллохони II будааст. Аз ин ру бо номи Кулбобои Кукалтош низ шухрат дорад. Мадрасаи Кукалтош бо сардории Мухибби сохта шудааст. Мухибби махфилу мачлисхои адаби ороста, барои пешрафти илму адабиёт хизмати зиёде кардааст. У бо Нисори ва Мутриби муносибати дусти доштааст. Ин байт аз уст;

Аз гамза ба дил ханчари мижгони ту бошад,

Дар гулшани чон гунчаи пайкони ту бошад.

Ба ин байт шоирхои бисёре чавоб гуфтаанд;

Хар ояти хубе, ки ба даврони ту бошад.

 Дар мусхафи хусн аз хати райхони ту бошад. (Нисори).

Аз мушк на хат бар махи тобони ту бошад.

Он ояти хубист, ки дар шони ту бошад. (Мутриби).

Дар тазкираву баёзхо аз ашъори у байтхои пароканда дарч ёфтаанд.

У. Назиров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …