Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУХАККАК

МУХАККАК

muhakkakМУХАККАК (араби — тадкикшуда, аник), як навъи хати араби. Шакли такмилёфтаи хати куфи. Дар асрхои 9—10 ба вучуд омадааст. Ба хатхои райхон ва сулс хеле монанд аст. Хаттоти маъруф Ибни Мукла Мухаккакро такмил дода, дар тарзи навишти он шеваи махсусе чори карда буд. Аз ин чост, ки Мухаккакро ихтирои Ибни Мукла донистаанд. Мухаккак назар ба куфи осонхон аст. Дар Мухаккак хамаи харфхо пурра ва устуворанд, печидагию ку-тохие надоранд ва аз ин сабаб Мухаккак ном ниходаанд (яъне хакки ягон харф аз эътибор сокит намешавад). Хусусияти фарккунандаи Мухаккак аз дигар навъхои хати араби дар он аст, ки харфхои алиф * лом J коф ^ дол* зол * ре j зе j мим ( нун о bob j ва ё tS дарозтар навишта мешаванд ва дар онхо кисми нимдоира вучуд надорад. Баъд аз Ибни Мукла дар та кмили Мухаккак хидмати Ибни Баввоб ва Ёкути Мустаъсими калон аст. Баъдтар, вакте ки хати силс ба ву-чуд омад, бисёр матнхо бо омехтаи Мухаккак ва сулсу райхон китобат мешу-данд ва тадричан Мухаккак аз истифода баромад, зеро он ба райхон ва сулс хеле монанд буд ва аз тарафи дигар, навиштани он вакт ва когази зиёдеро талаб мекард. Машхуртарин Мухаккакнависон Ахвали Мухаррик, Абдуллох Ибни Мукла (бародари Ибни Мукла), Хамдуллохи Бухорои, Абдуллохи Хисори ва гайра буданд.

А. Афсахов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.