Маълумоти охирин

МУФЛОН

mufflonМУФЛОН (франсави mouflon, италяви muflone), гусфанди вахши (Ovis orientalis), хайвони чуфтсуми вахшист аз чинси гусфанд. Муфлон миёнчусса, дарозиаш то 115 сантиметр, баландиаш то 83 сантиметр, пойхои дароз, шохи нисбатан сабуки камоншакл (дарозии шохи Муфлони нар то 75 сантиметр) дорад. Муфлони мода одатан бешох аст. Вазни Муфлони нар 50—70 килограмм ва модааш 30—35 килограмм. Пашмаш кутох, зичи дурушти зардчаи буртоб ва бури сиёхтоб. Аз 2—3-солаги насл медихад. Даври хамлаш 5 мох 1—2-то бача мезояд. Ареали Муфлон хеле васеъ (баландихои аз 300— 500 то 3000 метр аз сатхи бахр) буда, гала-гала (аз 3—5 то 40—50 cap) вомехурад.

Хуроки он алаф ва баргу шохи буттаю дарахт аст. Асосан дар мавзехои кухсори Осиёи Хурд, Эрон, Афгонистон, Хиндустон, Покистон, инчунин чануби Закавказия, чануби гарби Осиёи Миёна пахн гаштааст. Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон ду зернамуди Муфлон (0. or. vignei ва О. or. severtzovi) асосан дар каторкуххои Олой, Туркистон, Зарафшон, Хисор, Каротегин, Вахш, сохилхои дарёи Оби Хингоб ва атрофи Ишкошиму Сари-хосор вомехурад. Саршумори Муфлон соли 1977 10 хазорро ташкил мекард. Муфлонро барои гушту пусташ шикор мекунанд. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР ва аз чумла дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  шикори Муфлон манъ буда, ба «Китоби сурх»-и Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР дохил шудааст. Дар гурухи Даштичум (50 хазор гектар) ва Каротог (15 хазор гектар) дар катори дигар хайвонхо Муфлон низ мухофизат карда мешавад.

Адабиёт: Цалкин В. И., Горные бараны Европы и Азии. Москва, 1951: Сапожников Г. Н., Дикие бараны (род Ovls) Таджикистана, Душанбе, 1976

Г. Н. Сапожников.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.