Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУДОФИА

МУДОФИА

mudofiaМУДОФИА, мудофиа (ар. — дифоъ кардан, химоя ва тарафдори кардан), навъи чанг, ки бо максади пешгири кардан ё зада гардонидани хучуми душман, шикаст расондан ва мавкеъро нигох доштан ва барои хучум шароит ба вучуд овардан ба вукуъ меояд. Аксараи кушун дар шароити номусоид ё номувофикии хучум ба Мудофиа мегузарад. Мудофиа вобаста ба вазифа ва кувваю воситахое, ки чалб карда мешаванд, дорои ахамияти стратеги, оперативи ва тактики мешавад.

Дар даврахои кадим ва асрхои миёна шахру калъахоро бо максади Муудофиа истифода мебурданд. Баробари яроки оташфишон гирифтани армияхо сохтмони истехкоми майдони чанг cap шуд ва тарзи Мудофиа такмил ёфт. Дар давраи мухорибаи Севастополь (солхои 1854—55) бори аввал хатти мудофиаи 1000—1500 м мавкеи мухофизан артиллерия барпо карда шуд. Дар Чанги русу япон (1904—05) аскарони рус дар вакти Мударриси Порт-Артур хандаккани, рохи алока, мавкеи мудофиавии тулони (то 2—3 км) ва хадхои мудофиашавандаи акибгохиро ба кор бурданд. Дар чанги якуми чахони кушунхо дар якчанд мавкеъхои мудофиави чой (мегирифтанд ва аз хамдигар 3—4 км дарунтар вокеъ буданд. Дар паси ин мавкеъхо. ки тири тупи душман намерасид, хатти мудофиавии эхтиёти сохта мешуд. Дар солхои чанги дуюми чахони (1939—45) дар шароити истифодаи артиллерияи дурандоз, танк ва авиация Мудофиаро боз тулони барпо мекарданд. Мас. хатти Мудофиаи корпуси Армияи Сурх то 15 км ба тарафи дарун буд ва ду хатти Мудофиа 4—о км, 2—3 катор хандак дошт. Дар Куввахои Мусаллахи Совети дар солхои Чанги Бузурги Ватани Мудофиа махсусан дар мухорибаи назди Москва (1941— 42) ва мухорибаи Ленинград (1941— 44), мухорибаи Курск (1943), амалиёти мудофиавии Балатон (1945) ва г. истифода бурда шуд.

Дар шароити хозира дар Мудофиа ба чихати зиддиядрои, зиддиартиллери, зиддитанки ва хучуми хавои диккати калон медиханд, асоси Мудофиа истифодаи бомахорати махал, иншооти инжеиери, ба кор бурдани сад, таксимоти кушун ба китъахо ва акибгох аст. Хангоми Мудофиа бояд бо тамоми намуди аслиха зарба зада шавад, чой иваз гардад, хучум ва зарбаи чавоби бошад. Сифати маънавию чангии кушун, матонати он, алокаи доими ва идоракунии муттасили кушун ба муваффакият меоварад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.