Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУБТАДО

МУБТАДО

mubtadoМУБТАДО (ар. —ибтидо, огоз, аввал), яке аз сараъзохои чумла буда предмегеро ифода мекунад, ки дар чумла сухан дар бораи он меравад; амалу холат, таъсиру харакат ва аломате, ки сараъзои дигари чумла — хабар ифода мекунад, ба он нигаронида шудааст (коргарон омаданд, гул шукуфт, хона сохта шуд). Мубтадо ягон аъзои мустакили чумла мебошад, ки аъзохои дигари чумла бевосита (хабар, муайянкунанда) ва ё бавосита (хол, пуркунанда, муайянкунанда) ба он вобаста мебошаид. Мубтадо бо хамаи хелхои исм (Нурали чомадонхоро гирифт. Асп иша кашид. Бахор омад), чонишинхои шахси, ишорати, номуайяни, таъини, манфи, нафси, масдар, калимахои субсталтивацияшудаи сифат (Чавон кад-кади куча рох мерафт), шуморахо, сифатхои феъли ва г. ифода мешавад. Мубтадо дар шакли калимаи алохида (ангур пухт), таркиб (худи Ахмад омад), ибораи фразеологи (гули сари сабади мачлис чавонзане буд), чумлахои содда, мураккаб («Арбобро бин — дехро тоз» масали точикист) омада метавонад. Таркибхои синтаксисие, ки маънои ибтидохopo мефахмонанду бо пешояндхои аз …то ташкил ёфтаанд, як гурухи предметхои хамчинсро ифода кунанд, ба вазифаи Мубтадо меоянд. (Аз бачахои мактабхои то оксаколон дар ду тарафи куча …саф ороста, бародарони точикро тахният мегуфтанд).
Ад.: Забони адабии хозираи точик. Синтаксис, Д., 11170.
С. Абдурахимов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …