Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУБОХИСАХОИ БАЙНАЛХАЛКИ

МУБОХИСАХОИ БАЙНАЛХАЛКИ

baynalkhalkiМУБОХИСАХОИ БАЙНАЛХАЛКИ, бахсу мунозирахое, ки дар заминаи мухолифати байни давлатхо доир ба масъалахои гуногуни муносибатхои тарафайн ва байналхалки руй медиханд. Хукуки байналхалкии хозира дар муносибатхои байни давлатхо иcтифoдa бурда шукух ва ё бо рохи зури тахдид намуданро манъ карда, мукаррар мекунад, ки тамоми Муносибатхои байналхалки бояд танхо бо рохи осоишта, дар асоси ризоияти давлатхои манфиатдор хал карда шаванд (Устави ТДМ, и. 3, мод. 2; Декларацияи соли 1970 оид ба принципхои хукуки байналхалки; Хуччати хотимавии Мачлиси машварати оид ба бехатари ва хамкори дар Европа, 1975 ва г.). Роххо ва василахои халли Муносибатхои байналхалкиро худи давлатхо интихоб мекунанд. Устави ТДМ (мод, 33) навъхои зерини воситаи халли осоишитаи бахсхоро номбар мекунад: гуфтушунид, тахкику тафтиши, миёнарави, оштидихи, арбитраж, мурофиаи суди, мурочиат ба органхо ё ахдномахои нохияви. Ба катори воситахои халли осошитаи Муносибатхои байналхалки инчунин шаклхои гуногуни маросимхои оштидихи (ташкили комиссияхои тафтишотию хамфикри ва г.) дохил мешаванд. Маросими оштидихи аз гуфтушуниди бевосита бо он фарк мекунад, ки дар он одатан давлати сеюм ё органхои байналхалки (бо ризоияти давлатхои бахскунанда) иштирок менамоянд,

Мубохисахои байни давлатхоро бо ёрии судхо ва арбитражхои байналхалки низ хал кардан мумкин аст. Дар доираи ташкилотхои байналхалки хал кардани Муносибатхои байналхалки беш аз пеш вусъат меёбад. Дар ТДМ халли осоиштаи бахсхо пеш аз хама, аз тарафи Совети Амният, Ассамблеяи генералии ТДМ ва Суди байналхалкии ТДМ ба хаёт гузаронда мешавад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …