Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУБОХИСА ДАР БОРАИХОИ КАСАБА

МУБОХИСА ДАР БОРАИХОИ КАСАБА

kasabaМУБОХИСА ДАР БОРАИХОИ КАСАБА, бахсу мунозира оид ба рол ва вазифахои иттифокхои касаба, ки охири соли 1920 — аввали 1921 дар вазъияти аз чанги граждани ба сохтмони осоишта гузаштани Мамлакати Совети дар РКП (б) ба вукуъ пайваста буд. Вазифахои нави сохтмони совети дар шароити харби тагйир додани сиёсати партия ва Давлати Совети, шаклу усулхои кори сиёси, ташкили ва тарбиявиро талаб мекарданд. КМ РКП (б) ба гузаштан аз сиёсати коммунизми харби ба сиёсати нави иктисоди тайёри медид, ки он иттифоки синфи коргару дехконро мустахкам мекард. Дар хамин шароит роли иттифокхои касаба баланд мешуд. КМ РКП (б) бо максади мустахкам намуда ин иттифокхои касаба ва бехтар гардонидани фаъолияти онхо аз усулхои харбии кори иттифоки касаба даст кашидан ва дар ташкилотхои иттифокхои касаба ба демократияи устувори коргари гузаштанро зарур мешумурд. Аъзои КМ партия Л. Д. Троцкий ба ин зид баромад. Вай дар Конференцияи 5-уми умумироссиягии иттифокхои касаба ва дар тезисхои ба КМ РКП (б) (ноябри 1920) пешниходкардаи худ дар иттифокхои касаба чори намудани тартиботи харби ва бо рохи маъмури аз боло то поён «афшондани» кадрхои рохбарикунандаи иттифокхои касабаро талаб мекард. Пленуми КМ РКП (б) (8—9 ноябри 1920) тезисхои Троцкийро рад намуд ва мувофики таклифи В. И. Ленин барои тахияи чорабинихое, ки демократияи иттифокхои касабаро вусъат медода бошанд, комиссия ташкил кард.

Л. Д. Троцкий интизоми партиявиро вайрон карда, ихтилофоти оид ба масъалаи иттифокхои касабаро аз доираи КМ берун бароварда ва диккати партияро аз халли вазифахои мухим ба мубохисаи рочеъ ба иттифокхои касаба банд кардани шуд.

Ихтилофоти оид ба масъалаи роли иттифокхои касаба дар асл ихтилофоти оид ба масъалаи асосхои сиёсати партия дар давраи сохтмони осоишта, муносибати партия ба дехконон ва оммаи бепартияви, масъалаи тарзу усулхои ба сохтмони социализм чалб намудани мехнаткашон буд. Бинобар ин мубохиса нихоят тезу тунд гардид. Трочкичиён (Л. Д. Троцкий, Н. Н. Кроетинский ва дигар) фавран давлати гардондани иттифокхои касаба, яъне ба иловаи аппарати давлати табдил додани иттифокхои касабаро талаб мекарданд. Онхо ба чои методхои боваркунони методхои мачбуркуни ва маъмуриятчигии хушкухолиро пешбари мекарданд, ки боиси суст шудани полхои диктатураи пролетариат мегардид.

Гурухи «оппозициони коргари» (А. Г. Шляпников, С. П. Медведев, А. М. Коллонтай) талаб мекард, ки идоракунии хочагии халк, ба ихтиёри иттифокхои касаба — ба «съезди умумироссиягии истехсолкунандагон» дода шавад. Ин гурух иттифокхои касабаро ба Давлати Совети ва партия мукобил мегузошт, рохбарии давлатро ба хочагии халк инкор мекард.

Гурухи «централизми демократи» (Т. В. Сапронов, Н. Осинский, М. С. Богуславский, А. С. Бубнов) талаб мекард, ки дар партия ба фракцияхо ва гуруххо озоди дода шавад. Ин гурух ба яккасардори ва интизоми катъи дар корхонахо мукобил буд. Платформаи хамаи гуруххои оппозициони, катъи назар аз фаркияташон, зиддипартияви ва ба ленинизм бегона буданд. Аксарияти аъзоёни КМ РКП (б) бо рохбарии В. И. Ленин бар зидди гуруху чараёнхои оппортунисти мубориза бурданд. Маколаю баромадхои В. И. Ленин барои фош намудани мохияти оппортунистии гурухи оппозициони ва фаъолияти вайронкориву чудоиандозонаи онхо ахамияти халкунанда доштанд. В. И. Ленин ахамияти иттифокхои касабаро хамчун ташкилоти тарбияви, хамчун мактаби идоракуни, мактаби хочагидори ва мактаби коммунизм нишон дод. Съезди 10-ум и РКП (б) (марти 1921) мубохисаи оид ба иттифокхои касабаро чамъбаст намуда, платформаи лениниро кабул кард, акидахои гуруххои оппозициониро махкум намуд, вазифахои асосии иттифокхои касабаро муайян кард. Аз чихати идеяви торумор кардани гуруххои зиддипартияви барои гузаштаи ба сиёсати нави иктисоди, барои мустахкам намудани ягонагии партия ва инкишофи минбаъдаи иттифокхои касабаи совети ахамияти калон дошт. Таълимоти ленини дар бораи роли иттифокхои касаба хамчун мактаби коммунизм холо хам яке аз принципхои мухими сиёсати КПСС нисбат ба иттифокхои касаба мебошад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …