Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУБОДИЛАИ ИОНИ

МУБОДИЛАИ ИОНИ

mubodila-ionМУБОДИЛАИ ИОНИ, мубодилаи ионхоро дар махлули электролитхо гуянд. Мубодилаи иони ду хел мешавад: якчинса (гомогени) ва гуногунчинса (гетерогени). Мубодилаи ионии якчинса дар махлули электролитхо ба вучуд меояд. Хангоми омехтани махлулхои сероби электролитхо мас., NaCl па KN03l дар омехта нонхои Na+, К+, N03— ва С1- вучуд доранд. Дар ин бобат холати мувозинат бо муодилаи NaCl + KN03 NaN03 + КС1 (реакцияи мубодилаи дучанда) ифода карда мешавад. Агар моддаи хосилшаванда нисбат ба дигараш камтар диссоциация шавад, мувозинат ба тарафи моддаи камдиссоциацияшаванда ва хангоми хосил шудани моддахои тезбухоршаванда ё камхалшаванда (агар вай аэ фазаи мазкур чудо шавад) мувозанат ба тарафи ин моддахо майл мекунад. Дар Мубодилаи ионии гуногунчинса (сорбцияи мубодилаииони) мубодила дар байни ионхои дар махлулбуда ва ионхои дар руи фазаи сахтбуда — ионит ба вучуд меояд. Мубодилаи ионии гуногунчинса барои бенамакгардонии оби барои дегхои буги додашаванда, дар гидрометаллургия, саноати химия ва фармацевти истифода мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …