Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУАЙЯНКУНАНДА

МУАЙЯНКУНАНДА

muayyankunandaМУАЙЯНКУНАНДА, он аъзои пайрави чумла, ки аз чихати грамматики ба хиссахои номии нутк тобеъ буда, аломат, сифат, хусусият, муносибат ва сохибиятро мефахмонад. Муайянкунанда бе муайяншаванда вучуд надорад, аз ин ру, баъзан онро аъзои пайрави номустакил меноманд. Муайянкунанда аз руи ифодаи маъно, мавкеъ ва воситаи алока бо муайяншаванда ба ду гурухи калон чудо мешавад: изофи ва беизофа. Муайянкунандахои изофи баъди муайяншаванда чой мегиранд ва ба воситаи бандаки изофи (-и) ба он тобеъ мегарданд (алокаи мувофикат): гули сурх, газетаи девори, хонаи нодир ва г. Муайянкунандахои изофи ба ду гурух — Муайянкунандахои сифати ва сохиби таксим мешаванд. Муайянкунандаи сифати дар навбати худ се гурухро ташкил медихад: Муайянкунандаи тавсифи — аломату хусусияти аслии предмет (таъм, буй ранг, хачм ва г-ро) мефахмонад ва бо сифатхои асли ифода мешавад: себи ширни, лолаи сурх, синфи калон ва г.; Муайянкунандаи нисби нисбатро ифода мекунад: билети студенти, хонаи хиштин, мехнати эчоди, кишти тирамохи, мурги дашти ва г.; Муайянкунандаи сифати феъли бо сифати феъли ифода мешавад ва хусусиятхои онро дорост: одамони омадаги, чавони нишаста, замкии бекорхобида ва г. Муайянкунандахои сохиби сохибият ва нисбат доштанро ифода мекунанд: китоби талаба, студенти университет, хохари арус, хониши булбул, чустучуи китоб ва г. Муайянкунандахои беизофа (ки бо алокаи хамрохи ба муайяншаванда тобеъ мегарданд) микдори предметро нишон дода, ба аломат, хусусият ва адади он ишора мекунанд. Бо шуморахои микдори, чонишинхои ишорати, таъини, манфи, номуайяни ва зарфхои микдор ифода меёбанд: дах китоб, хамин синф, хар навъ гул, чанд шеър ва г.; як навъи махсуси Муайянкунанда баёния ном дорад (Ватан — Модар, партия — сарвари донову тавоно).

Ад.: Таджиев Д. Т., Способы связи определения с определяемым в современном таджикском литературном языке, Сталинабал, 1055; Забони алабии хозираи точик. Синтаксис, Д., 1970.

М. Норматов

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …