Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОТОЦИКЛ

МОТОЦИКЛ

motociklМОТОЦИКЛ (аз мотор ва юн. kyklos —доира, чарх), воситаи наклиёти ду ё сечархаест, ки бо мухаррики дарунсузи хачми кориаш беш аз 49,8 см3 тачхизонида шудааст. Аввалин Мотороллерхо ибтидои асри 19 дар Европаи Гарби сохта шудаанд. Солхои 1924—32 дар Москва, Ижевск ва Ленинград намунахои Мотороллерхо («Союз», ИЖ-1, ИЖ-2, ИЖ-3, ИЖ-4, ИЖ-5, НАТИ-750) сохта ва санчида шуданд. Истехсоли оммавии Мотороллерхо дар Иттифоки Совети аз соли 1933 дар Ленинград (модели Л-ЭОО: хачми кориаш 300 см, иктидораш 4,7 кВт) ва Ижевск (модели ИЖ-7, ки ба Л-Э00 монанд аст) огоз ёфт.

Схемаи сохти мотоцикл: I — душохаи пеш: 2 — калиди маркази (калиди афрузиш); 3 — спидометр; 4 — фишанги харакатовари тормози пеш; 5 — дастаки идоракунии карбюратор; 6 — фишанги чудо кардани илхохак; 1 — зарфи сузпшвори; 8 — карбюратор; 9 — амортизатора душохаи окиб; 10—хомушкунак; 11—душохаи окиб; 12 — занчири тахвили окно; 13—педали тагйирдихии тахвил; 14—илхокан; 15 — занчири тахвили пеш; 16— зонунавард; 17—поршень; 18—цилиндр; 19 — колодкаи тормоз; 20 — гунчак.

Аз руи таъинот Мототцикл наклиёти, спорти ва махсус мешаванд. Мототциклхои наклиёти ба туфайли хурдии андоза ва массаашон лаёкати нагз манёвр кардан, гузарони хуб ва ососии кор фармуданашон чун воситаи наклиёти шахси истифода мешаванд. Мототциклхои спорти барои машгулият дар спорти мотоциклрони таъин шудаанд. Мототциклхои спорти дар асоси Мототциклхои наклиёти сохта мешаванду фаркашон аз онхо хамин ки мухаррикхояшон пуркувват буда, сохти баъзе узелу агрегатхояшон дигархелтар аст. Ба Мототциклхои махсус Мототциклхои патрули, эхтишоми, савдо ва г. мансубанд.

Мототцикл аз якчанд гурухи механизмхо (расм): мухаррик, тахвили кувваги (трансмиссия), кисман, системаи тачхизоти электри иборат аст. Дар Мототциклхо мухаррики карбюраторин 2 4-тактаи бо чараёни таблик хаво (дар баъзе моделхои спорти ва Мототциклхои наклиётии лаёкати гузаронашон баланд бо ёрии об) хунукшавандаро истифода мебаранд. Дар Мототциклхои наклиёти иктидори литражи мухаррикхои 2-такта 51,5—98,2 кВт/л (70—130 К- а./л), 4-такта — 37—66 кВт л (50— 90 к- а./л), иктидори Мототциклхои спорти 146—220 кВт/л (200—300 к а.л)-ро ташкил медихад. Тахвили кувваги аз илхохак, куттии тахвил, тахвили пеш (мотори) ва окиб (асоси). Илхохак аз муфтаи як ё бисьёрдиска иборат мебошад. Куттии тахвил шестериядор буда, аз 2 то 6 тахвил дорад (дар аксари Мототциклхои наклиёти 4-то). Тахвили пеш (аз мухаррик ба куттии тахвил) занчири, баъзан шестериядор мешавад. Тахвили окиб (аз куттии тахвил ба чархи окиб) низ занчирист, баъзан наварди кардан хам истифода мешавад. Тачхизоти электриро манбаи энергия (генераторхои чараёни тагйирёбанда ё доими, батареяхои аккумулятори), асбобхои афрузиш, фара ва сигнализация (сигналхои гардиш, тормоздихи ва сигналхои садои) ташкил медиханд.

Дар Иттифоки Совети Мототциклхоро заводхои Минск (бо мухаррикхои хачми корнашон 125 см3), Ковров (175 см3), Ижевск (350 см3; як ва дуцилиндра), Киев ва Ирбит (650 см3) истехсол мекунанд.

Ад.: Калинин М. ГГ.. Мотоцикл, М., 1979; Чиняев В. Г., Устройство и техническое обслуживание мотоциклон, М„ 1980.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.