Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МОТИКОНИ ЧАТРАНГ»

«МОТИКОНИ ЧАТРАНГ»

motikoni-chatrang«МОТИКОНИ ЧАТРАНГ», «Чатранг-намак» («Китоби шатранч»), яке аз осори адабиёти пахлави, манбаи кадими эрони оид ба таърихи шатранч. Такрибан дар охири асри 7 ва дахсолахои аввали асри 8 таълиф шудааст. Вокеахое, ки дар «Мотикони чатранг» тасвир шудаанд, дар замони хукмронии Хисрави Анушервон ба амал омадаанд. Кахрамони асосии ин рисола Бузургмехр — вазири Хисравн Анушервон аст. Подшохи Хиндустон Девсари тахтаву мухрахои (донахои) шохмотро, ки гуё донишмандони Хинд ихтироъ карда будаанд, ба дарбори Анушервон фиристода, талаб менамояд, ки донишмандони Эрон сирри ин бозиро дарёбанд. Дар ин хол у аз Анушервон бочу хирочи фаровоне хохад гирифт. Бузургмехр сирри ин бозиро кушода, 3 дастро аз фиристодаи шохи Хинд бурд ва худ дар мукобили шатранч бозии «Невардашер» (нарди хозира)-ро ихтироъ карда, ба номи Ардашери Бобакон — асосгузори давлати Сосониён мавсум кард. Бузургмехр ба Хиндустон равона шуда, кушодани сирри нардро аз донишмандони Хинд талаб кард. Дар муддати чихил руз донишмандони Хинд сирри бозии «Невардашер»-ро кушода натавонистанд. Бузургмехр аз шохи Хинд хирочи зиёд ситонида ба Эрон баргашт. Дар бандхои охири «Мотикони чатранг» коидахои мухимтарини бозии шатранч оварда шудаанд. Киссаи ихтирои шатранч ва кушода шудани сирри он аз тарафи Бузургмехр дар «Шохнома»-и Фирдавси низ омадааст, ки нисбат ба «Мотикони чатранг» пурратар аст. Кисми дуюми достони Фирдавси дар бораи аз Хиндустон Эрон овардани шатранч ба истиснои баъзе тагйирот (номи шахсон РК дорад), ба «Мотикони чатранг» монанд аст.

Дар замони мо нусхаи дар асри 13 китобатшудаи «Мотикони чатранг» расидааст. Бори аввал «Мотикони чатранг»-ро К. Г. Залеман хонда ва ба забони немиси тарчума карда буд (1887). Матни асли ва тарчумахои англисиву русии ин асар низ мавчуданд.

Ад.: Орбели И. и Тренер К., Шатранг. Книга о шахматах. Л., 1930;

М. Диловаров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …