Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ШОНАКУНИ

МОШИНИ ШОНАКУНИ

МОШИНИ ШОНАКУНИ, Mошини тинг-тинг, мошинест дар истехсолоти бофандаги, ки барои ба наххои алохида чудо кардани (шона кардани) масолехи нахдор (пахта, пашм, наххои сунъи ва г.) истифода мешавад; яке аз мошинхои асосии истехсолоти ресмонреси ба хисоб меравад. Ду гурухи ин мошинхо маъмуланд: дар гурухи якум масолехро ба воситаи кардхо (тасмахои металлии дандонахояшон сузаншакл ё аррашакл), дар гурухи дуюм бо воситаи шонахои металли шона мекунанд. Мошинхои шонакунии карди дар навбати худ, вобаста ба навъи масолехи коркардашаванда кулохакдор (барои коркарди пахта, наххои сунъии кутох) ва навардчадор (барои коркарди пашм, канаб, наххои сунъии дароз) мешаванд.

Схемаи мошини шонакуни.

Амали шонакунии нахро дар мисоли схемаи технологии Мошини шонакунии кулохакдор муоина мекунем (расм). Лулаи пахтаи аз мошини тинг-тинг омадаро болои наварди 1 мегузоранд Ин навард чарх зада, луларо мекушояд, ки он аз руи мизи 2 харакат карда, ба цилиндри 3 меояд. Кабати наххо аз байни цилиндру сатхи миз бо суръати 0,2—0,4 м/дак гузашта ба дандонахои барабани аррашакли 4 меояд. Дандонахои нугтез онро ба кабатхои тунук чудо карда ба руи панчараи 5 мепартоянд, ки аз суроххои он гашхои майда рехта, як кисми наххо чудо мешаванд. Сипас наххoи пахта ва туда-туда наххои он ба устувона (барабан) асосии шонакунандаи 6 меоянд Дар кисми болои он кулохакхои 7 (лавхахои чуяние, ки ба онхо тасмахои сузаншакл часпонда шудаанд) чойгиранд. Наххо аз байни сузанхои барабани асоси ва кулохакхо гузашта, ба кабатхои тунук чудо мешаванд. Ин кабатхои тунук ба барабани 8 мепечанд, шонаи зуд-зуд лаппандаи 9 бошад онхоро кушода мегирад. Кифи 10 наххоро ба ресмони ковоки сафед — навори шонашуда табдил медихад, ки он ба куттии махсуси 11 тах карда мешавнад. Мошинхои шонакуни бо рохи афзун гардондани самара ва хосилнокии онхо инкишоф меёбанд.

Х. Саидов,

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …