Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОШИНИ ЧОП

МОШИНИ ЧОП

printerМОШИНИ ЧОП дар полиграфия, мошинест барои чопи китобу рузнома, журналу плакат, этикеткахои гуногун ва г. хизмат мекунад. Чузъхои асосии Мошини чоп инхоанд: аппарати чоп (рангро аз колаб ба когаз мегузаронад); аппарати рангмол (ба руи колаб ранг мемолад); системаи интиколи когаз (когазро ба аппарати чоп медарораду когази матндор— оттискро аз он мебарорад); чихози иловаги барои кабулу коркарди минбаъдаи махсулоти чопи; харакатовар ва системаи идоракуни.

Мошинхои чоп аз руи сохти аппарати чоп 3 хел мешаванд: ротациони, чопи хамвор ва тигели. Мошинхои ротатсиони вобаста ба шакли когаз варакави ва навори мешаванд, ки дар онхо хам колаб ва хам когазро ба руи сатхи цилиндри чойгир мекунанд. Мошинхои ротационии варакави асосан барои чопи ранга пешбини шудаанд ва мувофикан барои хамаи тарзхои асосии чоп (чопи баланд, чопи офсет, чопи чукур) тайёр карда мешаванд. Дар Точикистон асосан аз офсети варакави (дар комбинати полиграфи ва матбааи раками 1 ш. Душанбе) истифода мебаранд. Мошинхои ротационии навориро низ барои хамаи тарзхои чоп истехсол мекунанд. Аз руи таъинот мошинхои навориро ба мошинхои чопи рузнома ва чопи китобу журнал чудо мекунанд. Дар матбаахои РСС Точикистон 3 модели мошинхои навории чопи рузнома (барои чопи баланд) истифода мешаванд: 1) агрегати универсалии ГАУ (пахнои навори когаз 1680 мм, суръати калонтарин — 30 хазор гард/дак)—барои чопи рузномахои маркази ва республикави (дар комбинати полиграфии Душанбе); 2) Мошини чопи П В Г-84 ва ПРГ (пахнои навори когаз 840 ва 420 мм, диаметри давраи цилиндрхо 1188 мм, суръати калонтарин 25 хазор гард/да к)— барои чопи рузномахои вилояти (дар матбаахои Ленинобод, Кулоб, Кургонтеппа); 3) Мошини чопии П В Г-60 (пахнои навоpи когаз 600 мм, диаметри давраи цилиндрхо 840 мм, суръати калонтарин 18 хазор гард/дак)— барои чопи рузномахои райони (дар Орчоникидзеобод, Турсунзода, Хисор ва г.). Аз мошинхои навории чопи китобу журнал дар Точикистон Мошини чопии IIPK-90 (дар комбинати полиграфи ва матбааи раками 1 ш. Душанбе)—барои чопи китобхои форматашон 900X1200 мм (суръати калонтарин 13500 гард/дак) ва Мошини чопии ПОК-70 (дар комбинати полиграфии ш. Душанбе)—барои чопи китобхои форматашон 700X920 мм (суръати калонтарин 18 хазор гард/дак) истифода мешаванд.

Мошинхои чопи хамвор факат барои чопи баланд пешбини шудаанд. Суръати кори ин мошинхо назар ба суръати кори мошинхои ротационии варакави хурд аст, аммо онхо барои бевосита аз колабхои хуруфчиниву клишехои хамвор чоп кардани материал имкон медиханд ва мавриди чопи махсулоти камтираж самара намебахшад. Дар мошинхои чопи хамвор колабро руи миз пешу окиб харакат медиханд, когазро бошад, руи цилиндри чархзананда чойгир мекунанд. Ин навъ мошинхо дудавра (дар давоми як цикли кори цилиндр ду бор давр мезанад), якдавраи истанда (цилиндр баъди як давр меистад) ва реверсиви мешаванд Мас., мошинхои дудавраи ПД-2, ПД-3 (формату когаз 840X1080 мм, суръати калонтарин 3120 цикл дар як соат) ва 2ПД-5 (формати когаз 700Х Х1000 мм, суръати калонтарин 3000 цикл дар як соат) дар комбинати полиграфи ва матбааи раками 1 ш. Душанбе, матбааи раками 18, матбаахои Хоругу Ленинобод, мошинхои якдавраи ПС-ДЗ (формати когаз 450X600 мм, суръати калонтарин 4500 цикл дар як соат) дар матбаахои Орчоникидзеобод, Ленинобод ва г., мошинхои якдавраи истанда ПС-1М (формати когаз 450X600 мм, суръати калонтарин 2100 цикл дар як соат) дар хамаи матбаахои Точикистон кор фармуда мешаванд.

Мошинхои тигели барои чопи баланди махсулоти хурдформату камтираж пешбини шудаанд; дар онхо колабхои хамвор истифода мешаванд (хам колаб ва хам когазро дар сатххои хамвор чойгир мекунанд). Мошинхои тигелии навъи сабук ва навъи вазнин мавчуданд. Мошинхои тигелии сабук барои чопи матнхои одди, мошинхои тигелии вазнин барои чопи тасвирот хизмат мекунанд. Дар матбаахои райони ва шахрии республика асосан аз мошинхои тигелии сабук (бо гузариши дастии когаз) ПТ-4 (формати когаз 300X450 мм, суръати калонтарин 1500 цикл дар як соат) истифода мебаранд.

Такомули минбаъдаи тачхизоти чоп бо рохи вусъат ёфтани истифодаи мошинхои ротационии навора, зиёд кардани адади мошинхои чопи ранга (бо агрегатонидани процесси ороиш) ва формати когаз, баланд намудани суръати чоп, кам кардани амалиёти гайриистехсолию ёрирасон ва г. ба амал меояд.

Х. Хайдаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.