МОРОКИН Дмитрий Дмитриевич (4. 2. 1903, ш. Тверь, Калинини хозира —10. 4. 1960 Душанбе), ходими партиявию совети, яке аз ташкилотчиёни комсомоли РСС Точикистон. Аз оилаи коргари рохи охан. Аъзои КПСС аз соли 1929. Морозов аз 14-солагиаш ба кор cap кардааст. Соли 1917 у дар стансияи Хардил (Манчурия) кор карда, бо коргарони пешкадам шинос мешавад ва дар харакати революциони иштирок мекунад. Дере нагузашта ба сафи Армияи Сурх ихтиёран дохил шуд. Соли 1919 дар Кавкази Шимоли бар зидди душманони Хокимияти Совети чангид. Баъди торумори куввахои контрреволюциони Морозов соли 1921 ба мактаби саворагони Армияи Сурх дохил шуда, онро 1923 хатм намуд ва худи хамон сол ба Фронти Туркистон фиристода шуд. Морозов дар Туркистон ва Точикистони чанубию Маркази дар торумор намудани дастахои босмачиён фаъолона иштирок кард. Соли 1924 ташкилотчии масъул оид ба кори байни комсомолони полки 76 савора, ки дар Кулобу Хаволинг буд, интихоб гардид. Солхои 1925—26 бо ташаббуси Морозов дар Балчувон, Кулоб, Муъминобод, Файзобод нахустин ячейкахои комсомоле ташкил шуданд. Солхои 1928—31 рохбари сиёсии эскадрон ва 1931—33 комиссар» кисми гвардияи савораи Душанбе. Солхои 1933—41 дар Академияи харбии ноторию механиконии Армияи Сурх ва курсхои олии харбию сиёсии Москва хонд. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани. Солхои 1948—50 сардори шуъбаи китобхонаи Совети Вазирони РСС Точикистон, 1950 маслихатчии Комитети партиявии шахри Сталинобод, 1951—54 инструктори ИМ ПК Точикистон, 1954—56 ёрдамчии калони мудири шуъбаи назорат ва мактубхои Совети Вазирони республика, 1956—58 инструктори шуъбаи пропаганда ва агитацияи КМ ПК Точикистон Бо ордени Ленин, ордени Байраки Сурх, ордени Чанги ватани (дарачаи 1), 4 медаль ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.
Инчунин кобед
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …