Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНОФИЛИЯ

МОНОФИЛИЯ

monofiliyaМОНОФИЛИЯ (аз моно… ва юн. phylon — тоифа, чинс, намуд), аз сариасли умуми ба вучуд омадани гурухи муайяни организм; принципи асосии эволюцияи олами органики хисоб мешавад. Шачараи хаёт аз як решаи муштарак ибтидо мегирад, сипас ба 2 шоха — олами наботот ва хайвонот таксим мешавад. Аз хар яки онхо пай дар пай шохахои калон (типхо) ба вучуд омадаанд, ки дар навбати худ ба гуруххои систематикии майдатар — синфхо, каторхо, оилахо ва нихоят чинсхо, ки аз дастаи шохахои алохида (намудхо) иборат аст, чудо мешаванд. Ч. Дарвин бо факту далелхое, ки ба парвариши набототу хайвонот оид буданд, Монофилияро асоснок кард. У пайдоиши зотхои хозираи кафтархои хонагиро тахлил карда, нишон дод, ки сарнасли онхо як намуд кафтари ёбои (Соlumba livia) мебошад. Пас аз Ч. Дарвин дар сохаи систематика, морфологияи мукоисави, физиология ва биохимия, эмбриология ва генетика, биогеография ва палеонтология фактхои нав андухта шуданд, ки дар бораи аз сарнасли умуми пайдо шудани аксар гуруххои табиии олами наботот ва хайвонот далолат мекунад. Бино ба Монофилия умумияти пайдоиши хамаи нажодхои инсони низ маънидод мешавад. Гояи Монофилия асоси систематикаи муосир ва таълимотро дар бораи инкишофи таърихии олами наботот ва хайвонот дар бар мегирад.

Ад.: Дарвин Ч Происхождение видов. Соч., т. 3, М., 1939: Правдии Ф. Н., Дарвинизм, М.. 1968; Шмальгаузен И. И., проблемы дарвинизма Л., 1969.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …