МОНИ Зиндик ибни Хуммад (225, Мадоин, Эрон — 276, Гундишопур), асосгузори монавия. Мони охири солхои 30 асри 3 ба Мовароуннахр, Хиндустон сафар карда, бо таълимоти буддоия, барахмания ва зардуштия шинос мешавад.
Мони дар Мадоин соли 242 ба тартиби таълимоти дини худ шуруъ кард. Ин таълимотро шоди Эрон Шопури I маъкул донист. Баъди ин таълимоти Мони вусъат ёфт. Мони таълимоти худро ба масехият, инчунин динхои махалли мукобил гузошт. Таълимоти Мони характери дуалисти дошта, унсурхои зардуштия ва масехиятро дар бар гирифтааст. Ба акидаи у дар олам ду мабдаи баробаркувваи ба хам зид — равшани (нур) ва зулмот вучуд дорад. Равшани, ба акидаи Мони, дар асорати зулмот мебошад. Мони барои аз асорати зулмот озод намудани равшани ба мубориза даъват накарда, гушанишиниро таргиб менамуд.
Мони аз тарафи кохинони зардушти сахт таъкиб шуд ва у аз Эрон гурехт. Соли 273 ба Мадоин баргашт. Кохинон уро ба бидъат айбдор карда, дар Гундишопур хабс ва баъд катъ намуданд. Ба калами Мони кариб 7 асари динию ахлоки (аз чумла «Шопуракана»)-ро нисбат модиданд, вале онхо то замони мо нарасидаанд.
А. Содиков.