МОНИЛИОЗ, меватосак, карраи мева, пусидани мева, касалиест, ки занбуругдон Monilia дар дарахтони мевадор ба вучуд меоранд. Дар СССР бештар занбуругхои Монилиоз cinerea, М. fructigena, М. mail ва М. cydonia пахн шудааст. Ба Монилиоз асосан дарахтони меваашон донакдор (зардолу, шафтолу, олу, олуча, гелос) ва тухмакдор (себ, нок, биди) дучор мешаванд. Хангоми Монилиоз мевачот пажмурда ва хушк мешавад ё мепусад. Барангезандаи Монилиоз дар бофтаи растанихо инкишоф меёбад ва зимистонро дар узвхои осебдида мегузаронад. Бо фаро расидани хавои гарму сернам спорахо ба харакат даромада, бо ёрии катрахои борон ва хашарот (хусусан шапалакхои мевахур) ба дарахтони солим мегузаранд. Чорахои мубориза: бунёд намудани бог дар чойхон хамвор ва шамолрас; шохахои дарахтонро нашикаста чидани мева; канда партофтани мевахои касал; тирамод ё навбадор буридани шоххои касал; истифодаи фунгицидхо.
Ад.: Дементьева М. И., Болезни плодовых культур. М., 1962.