МОНИИ ШЕРОЗИ Moнии Ошикпеша (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронии асри 16. Дар айёми чавони аз Форс ба Исфахон рафта ба заргари, наккоши ва мусаввири машгул шудааст. Баъдтар ба сипохигари пардохта, то ба дарачаи сарлашкари расидааст. Дар охири умр аз ин шугл хам даст кашида, ба хидмати Шох Исмоили Сафави дохил шуд. Ба дасти Мир Начми Заргар (Начми Сони), ки яке аз айёрони Шох Исмоил буд, кушта шудааст. Девони Монии Шерози то замони мо нарасидааст. Намунахо аз эчодиёти у тавассути тазкираву маъхазхои адаби боки мондаанд. Монии Шерози асосан шоири газалсаро буда, газалхои хубу дилангези ишки бо истифодаи санъатхои гуногуни шеъри, ифодаву таъбироти соддаву зебо офаридааст.