МОКУТ (ар. аз об ва — хурдани, гизо), як навъи ширини ва полуда (кисель), таомест ширин, латиф, ки аксар дар айёми ид ва чашнхо хозир мекунанд. Тарзи тайёр кардани Мокут чунин аст: ба дегча об, мувофики табъ шакар 3—4 барг заъфарон андохта, хуб мечушонанд, дар холати чуш орди биринч ё нишостаро андак-андак андохта, бо чумча кофта меистанд то ба киём ояд. Агар мавчуд бошад, ба об як пиёла гулоб хам илова мекунанд. Мокутро ба табакчахо кашида мемонанд то ки хунук шавад. Гохо магзи бодом ва пистаро низ куфта ба руи Мокут мепошанд. Тарзи тайёр кардани орди биринч ин аст: биринчро 2—3 соат тар карда монда, хуб шуста, соф карда, дар офтоб хушконда, мекубанд ва аз ордбеза мегузаронанд. мокут аз шахрхои Осиёи Миёна дар бухоро хануз хам маъруф аст.
И. Рахматов.