МОДЕРНИЗМ (аз франс. modernе — навтарин, хозиразамон), дар дин чараёнест, ки таълимоти диниро ба муваффакиятхои илму техника, дигаргунихои азими ичтимоию иктисоди ва мадании замона мувофнк месозад. Медоризм барои мустахкам намудани мавкеи дин дар байни омма мекушид. Аз чумла дар пелом майли ба шароити чамъияти мавчуда ва рухи замон мувофик кардани ахкому анъанахо пеш аз галабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь пайдо шуда буд. Мас., муборизаи байни исломи расми ва ислохотчиён зухуроти Медоризм буд. Дар Осиёи Миёнаи охири асри 19 чадидхо то андозае ифодакунандаи гояхои Медоризм буданд. Онхо манфиати буржуазия» чавони махаллиро ифода намуда, бо максади ба шароити нав мутобик сохтани ахкому оини пелом ба мукобили як катор муносибатхои мавчудаи феодалп мебаромаданд. Солхои охир муассисахои дини мекушанд талаботи диниро ба рухи замона мувофик созанд. Хомиёни дин бо максади созиш додани илму дин даъво мекунанд, ки гуё кашфиёти муосири илми дар Куръону хадис пешбини шудааст. Замонасозии пелом дар масъалаи муносибат ба зан низ зохир шудааст. Медоризм бархам хурдани фаранчи, озод шудани занони Шарки советиро авомфиребона татбики амалии таълимоти исломи расми ва иродаи Мухаммад медонад.
Тамоюли замонасози дар дигар динхои дахони (буддоия, масехият) ва милли (дини яхуди, хиндуия, синтоизм) низ мушохида мешавад. Кушишхои модорнисти дар дин аломати равшани oн аст, ки рухониён ба таъсирнопазирии акоиди мазхаби дар шаклу андоми кухна икроранд. Вале тадбирхои модорнисти, дину диёнатро аз таназзул боздошта наметавонад.
Ад.: Aширов Н., Эволюцияи мислом дар СССР, Д., 1976; Шейнман М., Модернизм я модеряизацяя в католицизме, дар кит.: Кжагодвин Музея история религии и атонома, М — Л., т. 2, 1958; Боленьни И М., Иудаизм, М., 1966; Курочкин П., Эволюция современного русского православия, М., 197.1.
Э. Бобохонова.