Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДАГУРГИ КАПИТОЛИ

МОДАГУРГИ КАПИТОЛИ

modagurgi-kapitoliМОДАГУРГИ КАПИТОЛИ симои асотири дар байни римиёни кадим, ки гуё асосгузорони ривоятии ш. Рим экизакхо Ромул ва Ремро аз марг начот дода маконида калон кардааст. Мувофики ривоят, мухофизони ш. Трояи Осиёи Хурд бо сардории Эней — писари Афродита ва Анхис баъди маглубият аз душманон ба киштихо савор шуда ба музофоти Лациуми Италия меоянд. Дар ин чо пасавлоди Эней ва писари хокими ш. Альбалонг Амулий бо умеди нест кардани ворисони тахт — Ромул ва Рем, ки аз насли Эней ва кудакони Марс ва Рея Сильвия буданд, экизакхоро ба дарёи Тибр мепартояд. Вале кудакон бо ёрии махлукони оби начот меёбанд ва онхоро модагурге дар теппахои Капитолии сохили дарьё парвариш мекунад. Кудакон баъди калон шудан таърихи худро аз чупоне шунида аз Амулий касос мегиранд ва дар мавзеи начот ёфтаашон ба шахре асос мегузоранд. Минбаъд дар байни бародарон низоъ пайдо шуда, Ромул Ремро мекушад ва ба шахр номи Рим мегузорад.

Достони корнамоихои саравлоди афсонавии римихо Эней, экизакхо- Ромул ва Рем ва Модагурги капитоли дар асри 3 то м. чун ривояти расмии шахриён кабул шуда, мавзуи бисьёр асархои шоирон, муаррихон, рассомон ва хайкалтарошон гардид. Чунончи, ба ин сюжет «Энеида»-и Вергилий бахшида шуда буд. Накши акизакхоро маконида истодани Модагурги капитоли дар герби Рим, тангахои империяхои Рим ва Рими Шарки брактеатхо ва медальонхои Италия ва Византия, ки хангоми хафриёти Панчакент, Шахристон ва Одангарон ба даст омадалд, иичунин геммахои Эрони давраи Сосониён сикка зада шудаанд. Ба ин мавзуъ як катор рассомони Европаи асрхои гузашта асархо бахшидаанд.

Вале дар санъати тасвирии чахон ягона асареро, ки тамоми мавзуи ин достонро мукаммал дарбар гирифтааст, иштирокчиёни Экспедицияи ар­хеологии шим. Точикистони Институти таърихи ба номи Ахмади Дониши АФ PCС Точикистон хангоми хафриёти нас­ри афшинхои Истаравшан (асрхои 8—9) аз димнаи пойтахти он — ш. Бунчикат (холо дафинахои Калъаи Кахкаха I, 11 ва III дар дехаи Шахристони вилояти Ленинобод) ёфтанд. Ин асари руи девории дарозиаш шашметраи мураккаби бисьёрперсонаждор аз чанд манзара иборат аст: а) марди болои тахт нишаста (хоким) ва зани нимбарахнаи муйпарешони дар канори тахт зону хам карда, б) марди сияхпуш (чаллод) ва хамон зани нимбарахна (модар), ки хар ду зону хамида дар талоши кудаканд, марди камзулу абопуш (плащ)-и ростистода, в) тасвири дарьё, ки дар он махлуки гушу бурутдори модимонанд шино мекунад, г) дар сохили дарьё мардуми побарахнаи куртадароз, д) модагург, ду экизаки лучи синамак ва хамон марди камзулу абопуш (чупон).

Композицияи наккошии бисьёррангаи Шахристон бо махорати баланд акс ёфта, мавзуи фочиавии дос­тони модагургу экизакхоро хуб тасвир мекунад ва аз хамин сабаб дар санъати тасвирии чахон макоми махсусе дорад. Тадкикоти васеи ривоятхои кабилахою халкхои кадими Осиё ва Европа ба хулосае овард, ки мувофики он ривояти модагург ва кудакони афгона дар сарзамини кабилахои эронинажоди Осиёи Миёна ва Шарки Миёна хануз дар замонхои чамоаи ибтидои (асрхои биринчи ва ибтидои охан) пайдо шуда, Дертар дар байни кабилахои бодиянишину мухимии мамлакатхои Осиё ва Европа пахн гардид. Мувофики Ривоятхои эрониёни кадим, ки дар сарчашмахои Юнони атика акс ёфтааст, модагург хатто асосгузори давлати Хахоманишиён — Куруши Кабирро дар вакти кудаки афгона буданаш парвариш кардааст.

Тадкикоти илми нишон дод, ки ин сюжет аз сарзамини Эрон аввалхо дар байни этруекхои Осиёи Хурд, дертар баъди хичрати онхо ба Италия (маълумоти Геродот) дар ин сарзамин низ пахн шуда, яке аз ривоятхои дустдоштаи этрускхо гар­дид. Мучассамаи машхури тиллоии Модагурги капитоли, ки этрускдо дар асри 4—5 то м. сохтаанд ва то хол дар Музеи Ватикани Рим махфуз аст, далели он мебошад. Ба хамин тарик, дар дунёи кадим мубодилаи як сюжети ривояти ба амал омадааст, ки аз иштироки халкхои эронзамин дар ташаккули маданияти Рими атика шаходат медихад.

Ад.: Негматов Н. Н., Соколов­ский В. М., «Капитолийская волчица» в Таджикистане и легенды Евразии — «Памятники культуры. Новые откры­тия», «Ежегодник» 1074, М., 1075.

Я. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.