Маълумоти охирин
Главная / Илм / МНЕМОСХЕМА

МНЕМОСХЕМА

mnemoskhemaМНЕМОСХЕМА Газ юн. mnemonikos — дорандаи хофизаи хуб), тасвироти шартии объекти идорашавандаест, ки дар пулт, лавха, панели идоракунии он ё таблои сигнал насб карда мешавад. Мнемосхема холати объект ё ки чараёни процессхои истехсолиро баръало нишон дода меистад. Элементхои объекти идорашаванда ё худ назоратшаванда дар намуди схемаи маъмули электри, технологии наклиёти ва г. тасвир карда мешаванд. Мас., дар Мнемосхемаи стансияи электри мухаррик ва генераторхо бо доирача, васлакхо бо квадратча ишора меёбанд. Элементхои мазкурро вобаста ба шиддати чараён хар хел ранг мекунанд (ниг. расм). Мнемосхемахо оператори ва диспетчери мешаванд. Агар дар Мнемосхемахои оператори чамеи комплексхои технологи якчо вокеъ бошанд, дар Мнемосхемаи диспетчери сиситемае, ки аз объектхо ва комплексхои техникии сершумор иборат аст, cap то сари территория таксим карда ме­шавад. Мнемосхемахо вобаста ба принципи кор ишорави, тасвири (равшанидиханда) ва муштарак мешаванд. Дар Мнемосхемаи ишорави аломатхои шарти ва хатхои васлии рангин мебошанд ё ки ба чои онхо лавхачахои рангин гузошта мешаванд. Дар Мнемосхема ба пахлуи тасвири олатхои чудогона ва объектхои идорашаванда дуто лам­почкаи сигналдиханда (сурх ва кабуд) мешинонанд. Лампочкаи сурх дар амал будани схема, мошин ё аппаратро нишон дихад, лампочкаи кабуд аз кор истодани онхоро нишон медихад. Дар Мнемосхемаи тасвири ахборе, ки холати объектро нишон ме­дихад, бо рохи тагйир додани дурахшони ё ранги элементхои Мнемосхема тасвир карда мешавад. Дар Мнемосхемаи муш­тарак хам аломатхои шарти ва хам тасвири рангоранг татбик меёбанд.

Мнемосхемахоро дар объектхое истифода мебаранд, ки идоракуниашон мураккаб, чараёни истехсолоташон серсохаву омилхои назораташон бисёр мебошад.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …