Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОБОБОИ ХИСОРИ

МИРЗОБОБОИ ХИСОРИ

nophoto-manМИРЗОБОБОИ ХИСОРИ (таваллуд такрибан 1831, Хисор — соли вафот номаълум), шоир ва насрнависи асри 19 точик. Дар баъзе шеърхояш «Бако» тахаллус кардааст. Илмхои расмии замонавиро дар Мадрасахои Бухоро омухтааст. Пас аз тахсили илм чанде дар Гиждувон зиндаги карда, аз пешаи мирзои таъмини маишат мекард. Даp охири умр ба Хисор омада, хамон чо аз олам даргузашт. Ёддоштхои сафару саргузашт, лахзахои зиндагияшро дар китобе ба насру назм фарохам овардааст. Як нусхаи ин асар дар захираи дастнависхои шаркии АФ РСС Точикистон дар як чилд китоби баёзмонанд зери раками 1428 махфуз аст. Ёддоштхои Мирзобобои Хисори дар баркарор намудани тарчумаи холи муаллиф, омухтани ахволу зиндагии зиёиёни он давра ва вокеахои таърихи ахамияти муайяие доранд. Муаллиф дар ин асар хокимони золиму хасисро танкид кардааст.

Ад.: Мероси адабии шоирони Хисор. Матни интикоди, мукаддима ва тавзехоти А. Хабибов, д., 1974.

А. Хабибов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …