Маълумоти охирин

МИРШАКАР

mirshakarМИРШАКАР (М иршакаров Мирсаид; таваллуд 5. 5. 1912, дех Синдеви pайони Шугнони ВАБК), шоири со­ветии точик, ходи­ми чамъияти, Шо­ири Халкии Точикистон (1962).

Аз оилаи дехкони чорводор. Аъзои КПСС аз соли 1942.

Дар интернати ш. Хоруг тахсил кар­дааст. Соли 1930 дар ш. Душанбе курси 3-солаи Мактаби марказии совети ва партиявиро ба итмом расонд. Муддате дар г. «Комсомоли Точикистон» кор кард, пас котиби комитети комсомолии pайони Шурообод интихоб шуд. Солхои 1932—34 КМ комсомоли республика уро барои кор ба сохтмони канали Вахш фиристод. Дар ин чо вазифаи мухаррири г. «Зарбдори сохтмони Вахш» ва котиби комитети комсомолии сохтмонро ба ухда дошт. Солхои 1934—37 дар сафхои Армияи Сурх буд. Котиби масъул аз мухаррири г. «Васияти Ленин» (1937), котиб ва муовини раиси Правленияи ИН Точикистон (1940, 1546—60), сардори Комитети репертуарии Управленияи санъат (1946— 48), чонишини мудири шуъбаи про­паганда ва аггитацияи КМ ПК Точикистон (1961-—62), котиби масъули Коми­тети Мукофоти давлатии РСС Точикистон бa номи Рудаки (1966—75), раиси ИК Точикистон (1977—78) буд. Аз соли1978 раиси Комитети Мукофоти Давлатии РСС Точикистон ба номи Рудаки. Фаъолияти эчодии Миршаб аз солхои 30 огоз меёбад. Ашъори солхои аввали у аз чихати мавзуъ гуногунранг буда, мубориза барои хаёти нав («Эй комсомолон!», «Душманро кун торумор!») , саодати зани точик («Духтари Ватан», «Духтари пахтакор»), зарари дин («То кай?», «Курбон иди кист?» ва г.)~po дар бар мегиранд. Шоир дар ин солхо асосан шеърхои публицисти, лирики, хачви, дар мавзуъхои рузмарра навишта, дигаргунихои революционии зиндагиро тараннум мекунад, симои душманони сохти социалистиро ошкор месозад. Соли 1934 нахустин достони Миршакар «Ливои зафар» (доир ба сохтмони канали Вахш) ба табъ расид, ки дар рохи инъикоси бадеии сохтмони социалисти дар Точикистон кушиши аввалин буд. Шеърхои аввалини у дар мачмуаи «Бахори чавони» (1940) гирд омадаанд. Солхои Чанги Бузурги Ватани Миршакар дар таъсири анъанаи В. Маяковский ба воситаи «Оинаи ТочикТА» хачвияхои манзум интишор дода, симои манфури душман­ро фош кард. Шеърхои «Таронаи укоби озод», «Шафкати модари» (1941), «Накун фаромушам», «Фаромушат нахохам кард» (1943), манзумахои «расами Тешабой» (1942), «Одамон аз Боми чахон» (1943), «Дили модар» (1944) ва як катор достонхои бачагонаи Миршакар вирди забони хонандагон гашта, ба онхо кувват ва бовари мебахшиданд. Достони «Кишлоки тиллои» (1942) дар эчодиёти Миршакар мавкеи мухим дорад. Аз ин достон бехтарин сифатхои фардияти эчодии Миршакар то андозае намоён шуд. Шоир сюжет ва образхои фольклориро хунармандона кор кар­да, аз онхо хулосахои мухими замонави баровард. Миршакар дар достон рохи хакикии ба озоди ва хушбахти расидани халкро нишон дод. Мухимтарини осори давраи чангии Миршакар дар мачмуаи «Шеърхо ва поэмахо» (1945) чамъ омадааст. Эчодиёти Миршакар, мавзуъ ва мазмуни асархои у дар солхои пас аз чанг боз хам вусъат меёбанд. Шоир дар шеъру достонхои худ ха­ёти осоишта, сулху амният ва си­фатхои нави инсони советиро васф менамояд. Дар достони «Калиди бахт» (1947) талошу кушиши мардуми Помир барои мутеъ намудани табиати саркаши кишвари кухи инъикос ёфтааст. Шоир дирузу имрузро ба хам мукоиса карда, ба ин васила афзалияти замони навро ни­шон медихад. Ин мавзуъ дар досто­ни дигари Миршакар «Панчи ноором» (1949) такмил ёфта, ба тарзи нав хал кар­да мешавад. Миршакар дар ин асараш бартарии хаёти озод ва саодати халки советиро нисбат ба зиндагии пуразияти мардуми мамлакатхои шарки мустамликави нишон дода, фардои боз хам дурахшони мамлакати сове­тиро таъкид менамояд. Солхои 50 Миршакар оид ба пахлухои гуногуни хаёти со­вети шеърхои бисьёре эчод кард. («Пахта шукуфт», «Партияи коммунисти», «Мо хушбахтем», «Дар мехмони» ва г.). Яке аз мавзуъхое, ки хамеша диккати Миршакарро чалб менамо­яд, образи Ленин аст. Симои Ленин, ки дар чанд шеъри Миршакар («Рубоиёт дар бораи Ленин», 1938; «Ленин зинда аст», 1947; «Ту зиндаи», 1948) инъикос ёфта буд, дар достони «Ленин дар Помир» (1955) барчаста ба зухур омад. Дар ин достон вокеахои давраи баркарор шудани хокимияти совети дар Помир, тантанаи гояхои човидонаи Ленин дар хаёти мамлакат тараннум мешавад. Соли 1964 се достони Миршакар («Дашти лаванд», «Ишки духтари кухсор», «Чашмони Ле­нин») аз чоп баромад, ки дар онхо мехнату мухаббати муосирон тасвир ёфтааст. Дар силсилаи шеърхои «Тай намудем рохи бисьёре» (1968), «Садои чунбиши гахвора» (1971) шо­ир кушиш кардааст, ки муносибати шахс ва чамъиятро файласуфона таъбир намояд. Аксари шеърхои ин силсила хурд ва баъзеашон аз як байт иборат буда, хар кадоме як хулосаи мухими зиндаги ва фалсафаи хаётро дар бар мегиранд. Дос­тони у «Варакхои мухаббат» (1975) аз хаёти лётчикдухтари точик Ойгул Мухаммадчонова, ки дар солхои Чанги Бузурги Ватани бар зидди душман кахрамонона мубориза бурда буд, хикоят мекунад. Солхои 1975—78 оид ба муосирон як силсила шеърхои тоза навишт. Ин шеърхо дар китоби «Варакхои мухаббат» (1978) ба табъ расиданд. Соли 1979 дар бораи Носири Хисрав бо номи «Исьёни хирад» достони нав таълиф кард. Дар эчодиёти Миршакар драматургия мавкеи калон дорад. У чандин пьеса: «Кишлоки тиллои» (1944), «Муалли­ми ишк» (1945), «Тошбек ва Гулкурбон» (1946), «Шахри ман» (1951), «Фочиаи Усмонов» (1957), «Хушбахтии шумо — хушбахтии ман» (1966), «Байраки мактаб» (1969), «Бо рохи падарон» (1971), «Задухурд дар би­ёбон» (1974) ва бисьёр асархои якпардагии хачви ва мазхакави на­виштааст. Миршакар шоири бачахост. Кариб нисфи эчодиёти у аз асархои бачагона фарохам омадааст. Миршакар хаё­ти кудаконро хуб медонад, аз хаёти онхо сюжетхои ачоиб меёбад ва барояшон бо шавк хикоят мекунад. Миршакар барои фахмову шавковар баромадани шеърхояш аз эчодиёти дахонакии халк хунармандона истифода мебарад, Бехтарин шеърхои бачаго­наи у мувофики зарбу оханги назми халки навишта шудаанд («Дар чангал», «Рост мегуям» ва г.). Шеъ­ру достонхои бачагонаи Миршакар хурдсолонро дар рухи ватанпарвари («Мо аз Помир омадем», 1940), мехнатдусти («Неъмат», 1942; «Рост мегуям», 1945), дустиву рафокат («Дугонахо», 1954) ва интернационализм («Бачагони Хиндустон», 1963) тарбия менамоянд. Асархои у «Дурдонахои Амрита» (1971) ва «Айёми шабоби Бирбал ва Акбар», ки дар мачмуаи «Онхоро дуст медорам» (1975) фарохам омадаанд, дар пайдоишу ташаккули жанри нави адабиёти мо—фантастикаи бадеи роли муайян бозидаанд. Эчодиёти Миршакар бо фольклор робитаи кави дорад. Мурочиат ба фольклор, муносибати эчоди ва назари нав ба эчодиёти дахонакии халк аз бисьёр чихатхо асосхои халкияти эчодиёти уро таъмин карда­аст. Шоир мушохидахои худро бе хеч гуна пардозхои иловаги руи когаз меорад, ки ин ба реализми осо­ри у таъсири судманд расондааст. Дар камолоти реализми осори у адабиёти рус ва махсусан эчодиёти В. Маяковский роли калон бозидааст. Миршакар солхои охир хотирахои худро рочеъ ба дустон ва хамкорон ба калам овард. Хотирахои у «Айёми чавони» (19/2), «Ёди ёри мехрубон» (1979), ахамияти илмию адаби дошта, бись­ёр масъалахои чараёни кори эчодиро равшан менамоянд,

Миршакар ба навиштани маколахои танкиди низ шугл дорад. Маколахои у «Вазифаи мухими адабиёти мо» (1949), «Дар бораи баъзе масъалахои адабиёти бачагона» (1952), «Дар бо­раи баъзе проблемаи драматурги­яи хозираи советии точик» (1953), «Муносибати кахрамони мусбат ва манфи», «Назми хаёт — назми адабиёт» (1954), «Хамеша дар чустучу бошем» (1958), «Доир ба вазъият ва вазифахои адабиёти бачагона» (1959), «Чанд сухан дар бораи драматургияи точик» (1966) ва г. дар инкишофи назму наср, драматургия ва адабиёти бачагонаи точик сахми муайян гузоштаанд. Миршакар дар боби ба забони точики нашр намудани осори бадеии шоирони машхури мамлакатхои Шарки хоричи низ хизмати намоён кардааст. Соли 1958 у мачмуаи шеърхои Халили Сомони ва Мухаммади Икболро ба чоп хозир карда, хонандаи точикро бо осору ахволи онхо шинос намуд. Миршакар якчанд сценария навиштааст: «Бачагони Помир» (бо хамрохии Миршакар Филимонова, 1963); «Фошкуни» (бо хамрохии И. Луковский, 1968), «Вохурихои кутох дар Чанги дуру дароз» (бо хамрохии А. Инин, 1975). Асархои Миршакар чандин бор ба забони руси тарчума ва нашр шудаанд. Шеърхои уро халкхои СССР ва мардуми мамлакатхои хо­ричи ба забони модарии худ мехонанд. Миршакар аъзои КМ ПК Точикистон, депутати Совети Олии РСС Точикистон (даъватхои 8,9), Раиси Совети Олии РСС Точикистон (1961—75), раиси Комитети республикави ва аъзои Президиуми Ко­митети советии якдилии мамлакатхои Осиё ва Африка, аъзои Правленияи ИН СССР, аъзои Президиуми Правленияи ИН РСС Точикистон (аз соли 1940) мебошад. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1950), Мукофоти давлатии РСС Точикистон ба номи Рудаки ва Мукофоти комсомоли ле­нинии Точикистон. Бо ду ордени Ленин, ордени Революцияи Октябрь, ду ордени Байраки Сурхи Мехнат, ду ордени «Нишони Фахри» ва бись­ёр медалу Грамотахои Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1934 узви ИН СССР.

Ад.; Кедрина 3., Мирсаид Миршакар, М, 1954; Очерк истории таджик­ской советской литературы, М., 1-901; Мирзозода X., Мирсаид Миршакар, Д., 1962г, Табаров С., Мирсаид Миршакар, Д, 1902; Шодигуло в X. Миршакар аз Ленинномаи у, Д., 1972.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …