Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МИРОНШОХ Чалолуддин Aмирхоншох

МИРОНШОХ Чалолуддин Aмирхоншох

nophoto-womenМИРОНШОХ Чалолуддин Aмирхоншох (1300—1408), хокими Хуросон, Озарбойчони Эрон ва Ирок аз сулолаи Темуриён, писари сеюми Темур.

Мироншох дар 14-солагиаш (1380) дар юриш ба Хуросон иштирок дошт. Темуре. 1393 ба Мироншох «тахти Халоку»- ро, яъне Эрону Ирокро, ки то он вакт зери тасарруфи мугулхо буданд, медихад. Худуди мулкхои Мироншох аз Дарбанд то Багдод ва аз Хамадон то кисми шаркии Осиёи Хурд васеъ шуд. Мироншох ба набераи Узбакхон  (1312—40) хонадор шуд. У мисли 1 падараш хунхор, маккор ва берахм буд. Мироншох бинохои мухташамро вай­рон, шахрхоро хароб ва халкхои сарзамнихои истилокардаашро тороч ва катл мекард. Мироншох соли 1408 хангоми задухурд бо хокими Озарбойчон Дароюсуф кушта шуда, дар Сурхоби назди Табрез дафн мешавад. Баъдтар часади Мироншохро ба Шахрисабз ва аз он чо ба Самарканд, ба макбараи Гури Мир оварданд.

Ад.: Петрушевский И. П., Го­сударства Азербайджана в XV в., дар кит.. Сб. ст. по истории Азербайджана, вып. I, Баку, 1949; Бартольд В. В., Место Прикаспийских областей в исто­рии мусульманского мира, Соч.. т. 2-, ч.

М., 1963.

К. Бобоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …