Маълумоти охирин

МИРНЫЙ Панас

panas-mirniyМИРНЫЙ Панас (тахаллус, ном ва фамилия— Рудченко Афанасий Яков­левич; 13. 5. 1849, Миргород — 28. 1. 1920, Полтава), нависандаи украин. Аз оилаи амалдори хурд. Соли 1862 Омузишгохи уездии Гадячскро хатм намуд. Аз соли 1872 асархои аввалинаш (шеъри «Украина», хикояи «Шайтон гумрох кард») чоп шудаанд. Азбаски асархояш характери танкиди доштанд, мачбур буд номи аслии худро махфи нигох дорад. Тасвири реалистонаи дехоти украин бо хама зиддият ва нобаробарихои интимоияш пас аз ислохоти соли 1861 дар эчодиёти Мирный мавкеи асосиро ишгол менамояд. Дар романи «Агар охурхо пур бошанд, магар барзаговон наъра мезананд?» (1880), ки Мирный хамрохи бародараш И. Билык (И. Я. Рудчен­ко) навиштааст, зиддиятхои ичтимои нишон дода шудаанд. Роман харак­тери ифшогарона дошта, зарбае буд ба адабиёти либералию буржуази, ки Украинаро бардуруг «озод» тасвир менамуд. Дар ватани нависанда ин роман бо номи «Кушишхои бенатича» (1903) чоп шуд. Бо ин ном нависанда гояи асосии асар — норозигии бетартибонаи «горатгари накукор»-ро ифода намудааст; эътирози анархистонаи «горатгари накукор» ба дигаргунсозии олами зулму таадди кодир нест, он дехкононро аз муборизаи ханики барои хулукхои инсони ва адолат дур месозад. Дар романи Мирный «Зани ишратпараст» (к-хои 1-2, 1883-84; к-хои 1-4, 1928) ва повести «Расму руссуми гузашта ва хозира» (1897) зисту зиндагонии халки украин хаматарафа ва барчаста тасвир ёфтааст. Мирный як силсила хикояву афсонахо ва достони мансур («Хоб», 1905) низ навиштааст. Мирный муаллифи чанд асари драмавист. Асархои нависандагони бузурги рус ва европоиро ба забони украини гардондааст. Китобхои Мирный ба забонхои халкхои СССР ва хоричи тарчума шудаанд.

Оо.: Собр. соч., т. 1—4, М., 1951.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …