Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИНЦ Исаак Израилевич

МИНЦ Исаак Израилевич

minz-isaakМИНЦ Исаак Израилевич (тав. 3.2. дехаи Кринички, хозира вилояти Днепропетровск), муаррихи совети, академики АФ СССР (1946; аъзо-корр. 1936), Кахрамони Мехнати Социалисти (1976). Аз оилаи хизматчи. Аъзои КПСС аз соли 1917. Солхои Чанги граждани (1918 —20) корманди сиёсии Армияи Сурх буд. Соли 1926 Институти профессураи сурхи Москваро хатм намуд. Мудири кафедраи таърихи СССР дар Институти фалсафа, адабиёт ва таърихи Москва (ИФАТМ) ва Университети давлатии Москва (1932—49), Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС (1937-49), профессор АИЧ (1947-50), мудири кафедраи таърихи СССР дар Институти педагогии ба номи В. И. Ле­нини Москва (1950—72). Аз соли 1954 ходими калони илмии Институти таъри­хи СССР-и АФ СССР. Аз соли 1962 раиси Совети илмии АФ СССР оид ба проблемаи комплексии «Таърихи Революцияи Кабири Социалистии Ок­тябрь». Асархои асосиаш ба омузиши таърихи КПСС, Революциян Октябрь, Чанги граждани (1918—20), таърихи чамъияти совети ва муносибатхои байвалхалки бахшида шудаанд. Минц яке аз муаллифони китоби «Таърихи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети» (1959), аъзои хайати тахририяи таърихи бисьёрчилдаи КПСС мебошад. Барои хамкори дар таълифи китобхои «Чанги граждани дар ССОР» ва «Таърихи дипломатия» лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943, 1946), барои хамкори дар таълифи китоби «Таъ­рихи Октябри Кабир» (% 1—3, 1967—73) лауреати Мукофоти лени­ни (1974) гардид. Бо 2 ордени Ле­нин, ордени Роволюцияи Октябрь, ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.

Ас.: Великая Октябрьская социалис­тическая революция и прогресс челове­чества, М., 1067.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …