МИНТАКАИ СУБАЛПИ, минтакаи табиии баланди дар куххои арзхои муътадил ва субтропики, ки набототу иклимаш бештар субалпист. Поёнтар аз минтакаи алпи ва болотар аз минтакаи бешаи кухи, дар нохияхои намнок вa минтакаи дашти кухи (дар нохияхои хушк) вокеъ аст. Мавкеи Минтакаи субалпи ба арзи махал, самти нишеби ва дарачаи континентии иклим вобаста аст. Дар куххои Алп ва Кавкази Гарби Минтакаи субалпи дар баландихои 1700—2300 м ва дар куххои Точикистон дар баландихои 3000—3500 м чойгир шудааст. Дар арзхои боз хам баландтар, инчунин дар нохияхое, ки ба онхо таъсири чараёни хунуки бахр мерасад, худуди Минтакаи субалпи якбора паст, баъзан то сохили бахр мефарояд (мас., дар чазирахои Куриль). Ба ин минтака ландшафти маргзорхои кухи хос аст. Барф дар давоми 6—8 мох боки мемонад. Минтакаи субалпи чарогохи хуби тобистона мебошад.