МИНТАКАИ ГЕОСИНКЛИНАЛИИ БАХРИ МИЁНАЗАМИН, яке аз калонтарин нохияхои аз чихати тектоники серхаракати кишри Заминро гуянд, ки платформахои Европаи Шарки, Сибирь, Хитою Корея ва Хитой Чанубиро аз платформахои Африкаю Арабистон ва Хиндустон чудо мекунад. Минтака дар Гарб аз гул. Гибралтар ба воситаи материки Евросиё то галачазираи Индонезия тул кашида, дар Ш. бо минтакаи геосинклиналии укёнуси Ором пайваст мешавад. Кисми зиёди Европаи Гарби ва чануби, бахри Миёназамин, Африкаи Шимоли (Марокко, Алчазоир, Тунис), Осиёи Чануби Гарби ва галачазираи Индонезияро дар бар мегирад. Ба ин минтака нохияи чиндори герцирнии Европаи Гарби ва Маркази, нохияи чиндори алий ва нохияи чиндори Индонезия дохил мешавад. Чои хозираи Минтакаро дар эрахои палеозой ва мезозой укёнуси калони Тетис ишгол мекард.