Маълумоти охирин

МИНИН

mininМИНИН (Сухорук) Кузьма (соли таваллуд номаълум — вафот 1616), яке аз ташкилотчиён ва сарварони лашкари 2-юми халки дар давраи интервенцияи полякхо ва шведхо дар аввали асри 17. Аслан аз Нижегород. 1 сентябри 1611 сардори земство интихоб гардида ба ташкили лашкари халки рохбари намуд. Бо маслихати Минин князи М. Пожарский рохбарии харбиро ба ухда гирифт. То даъвати чамъомади земство (1613 Минин ба «Совет всея земли» («Шурои тамоми сарзамин»), ки аввали соли 1612 дар Ярославл ташкил шуда, вазифаи хукуматро ичро мекард, дохил буд. Дар мухорибахои барои Москва 22—24 августи 1612 диловари зохир намуд, ху­ди хамон сол ба хайати Думаи боярхо дохил шуда, ба гирифтани унвони дворянии Дума мушарраф гардид. Минин— яке аз машхуртарин кахрамонхои миллии халки рус. Соли 1818 дар Майдони Сурхи Москва ба Минин ва Пожарский хайкал (хайкалтарош И. П. Мартос) гузошта шуд.

 

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …