Маълумоти охирин

МИНА

minaМИНА (франс. mine), 1) лавозимоти чангиест, ки онро аз миномётхо ва тупхои ногахони суфтамила мепарронанд. Минахои осколкави, осколкавию фугаси (расм), фугаси (барои махви кувваи зинда ва воситахои оташфншони душман ё вайронкунии иншоотхои мудофиави), оташзананда, дудкунанда, равшанкунандахо агитациони (барои ичрои вазифахои харбии дуюмдарача) ва таълимию машки вучуд доранд. Дар тупхои гечони суфтамила ба сифати лавозимоти чанги Минахои кумулятиви (барои нобудкунии танкхо) ва пошхурандаю фугасиро истифода мебаранд. Минаи омода аз кисмхои зерин иборат аст: корпус (аз пулод ё чунин пулоддор) бо заряди тарконанда; зарядхои борутии хаводихандаи асоси ва иловаги тарконак ва стабилизатор. Дар корпуси Мина кисми цилиндри ва дар начотхои стабилизатор барчастагихое мавчуданд, ки харакати дурусти Минаро дар мила таъмин мекунанд. Стабилиза­тор (аз пулод ё алюминий) устувории парвози Минаро таъмин мекунад. 2) Воситаи чанги барои дар хушки ва дар бахр барпо кардани монеахои таркандае, ки бо максади талафот додан ба душман, нигох доштани пешрави ва халал расондан барои амалиёти харбии он истифода мешавад. 3) Истилохи кухнашуда дар фортификация (илми харбии инженери), ки мафхуми галереяи минагиро ифода мекард.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.