Маълумоти охирин

МИЛЬТОН

miltonМИЛЬТОН, Милтон (Milton) Чон (9.12.1608, Лондон — 8/11.1674, хамон чо), шоир, ходими чамъияти ва мутафаккири англис. Аз оилаи нотариус. Университети Кембричро тамом кардааст (1632). Иштирокчии фаъоли муборизаи сиёсии давраи Револютсияи буржуазии Англия дар асри 17. Солхои 40—50 хамчун публицисти намоён памфлетхо навишта, ба мукобили сиёсати иртичоии цензура баромада («Ареопагитика», 1644), катли шохи золим — Карл и I-ро асоснок донистааст («Мудофиаи халки англис» 1650; «Мудофиаи дигари халки анг­лис, 1654 ва г.). Дар достонхои у «Бихишти гумшуда» (1667) ва «Бихишти баргашта» (1674), ки ба мавзуи Таврот оиданд, муборизаи кахрамононаи халк бар зидди истибдод инъикос ёфтааст. Милтон муаллифи «Таърихи Британия» (1670), «Таърихи мухтасари Москва» (1682) аст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …