Маълумоти охирин

МИЛОД

МИЛОД (ар. — рузи таваллуд, замони зоида шудан), замони нав, солшумории нав, таквимест, ки аксарияти мамлакатхои чахон кабул кардаанд аз «таваллуди Исони афсонави» cap мешавад. Дар ибтидои пахншавии масехият хисобхои гуногуни сол (таквими Диоклетиан, таквими «буньёди олам» ва г.) мавчуд буданд, ки онхо камбудихои чидди доштанд. Дар асри 6 ба солшумории ягона эхтиёч пайдо шуд. Чунин солшумориро соли 248 аз руи таквими Диоклетиан рохиби Рим Дионисий пешниход намуд. Солшумории аз тарафи Дионисий пешниходгашта тез пахн нашуд ва онро танхо аз асри 10 дар мактубхои папахои Рим истифода бурдаанд; дар тамоми хуччатхои папахо аз асри 15 истифодаи ин таквим расм шуд. Синфхои хукмрон ва рухониён бо максади мустахкам кар­дани эътикоди халк ба Исо Милодро пурра эътироф намуданд. Милод дар Россия бо фармони Пётри 1 аз 1 январи 1700 чори гардид (то асри 15 аввали сол — 1 март ва то асри 18—1 сентябр хисоб меёфт). Милод дар Осиёи Миёна аз нимаи дуюми асри 19 чори гашт; то он вакт солшуморихои сугди, хоразми, суриёни, мучал, хичрии шамси, хичрии камари ва г. вучуд доштанд. Ниг. низ Солшумори.

Ад.: Селешиинов С. И., История календаря и хронология, М., 1970.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.