МИЛИЦИЯ (аз лот. militia —кушун), дар СССР органи мухофизати тартибот ва бехатарии чамъияти. Милиция ба ичрои конуну карорхои органхои махалли доир ба тартиботи чамъияти назорат карда, бар зидди чинояткори мубориза мебарад, моликияти давлати, чамъияти ва бехатарию моликияти гражданхоро хифз, ба бехатарии харакати наклиёт, пиёдагардхо ва холати техникии наклиёти автомобили назорат менамояд. Яке аз сохахои асосии фаъолияти Милиция чори намудани системаи паспорти (супурдани паспортхо, кайд гирифтан ва аз кайд баровардани онхо, назорат бар риояи режими паспорт), назорати коидахои хариди яроки оташфишону моддахои захролуд, нигохубину накли онхо ва г мебошад.
Милиция кисми таркибии системаи Вазорати корхои дохили СССР, вазоратхои корхои дохилии республикахои иттифокию автономист. Вазири корхои дохилии СССР ба тамоми кисмхои Милиция рохбари менамояд; вазирони корхои дохилии республикахои итифокию автономи, сардорони Управленияхои корхои дохилии комитетхои ичроияи Советхои махалли дар як вакт сардори Милицияи республикави, кишвари, вилояти, округу шахри ва райони мебошанд. Милиция функцияхои худро дар хайати органхои корхои дохилии махалли ичро менамоянд, хам ба органи болоии корхои дохили ва хам ба Совети депутатхои халк итоат мекунанд. Хайати Милиция ихтиёран ташкил мешавад. Милиция алокаро бо омма мустахкам карда, ба ташкилотхои чамъияти, дружинахои халки ва г. такья менамояд. Шакли бештар маъмули иштироки ахоли дар кори Милиция дружинаи халкист.
Милиция дар фаъолияти худ принципхои конунияти социалисти, конунхои СССР, республикахои иттифоки ва автономи, карорхо ва фармонхои органхои оли ва махаллии ичроия — фармондихандаи хокимияти давлатиро ба рохбари мегирад. Милиция бо дигар органхои давлати, бо маъмурияти корхонаю муассисахо ва оммаи мехнаткашон алокаи зич дорад.
Аввалин отрядхои Милиция барои мубориза бо мутлакияти подшохи дар давраи Револютсияи 1906—07 ва 1917 ташкил шуда буданд. Милиция хамчун органи расми 10 ноябри 1917 таъсис ёфтааст. Баъди галабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь Милицияи коргару дехкон дар мамлакат тартиботи революциони ва сархади Республикаи Советиро мухофизат намуд. Он то соли 1931 тобеи Советхои махалли буд ва баъд ба хайати Комиссариати халкии (аз 1946 вазорат) корхои дохили (КХКД) дохил карда шуд. Асосхои ташкили ва фаъолияти Милицияро Укази Президиуми Совоети Олии СССР аз 8 июли 1973 «Оид ба вазифа ва хукукхои асосии милицияи совети дар мухофизати тартиботи чамъияти ва мубориза бо чинояткори» муайян менамояд. Намуди либоси расмии кормандони Милицияро Совети Вазирони СССР тасдик мекунад. Хангоми адои хизмат ба кормандони Милиция ярок дода мешавад. Онхо хак доранд дар зарурат ярокро ба кор баранд (асос ва тартиби истифодаи ярокро Совети Вазирони СССР муайян мекунад). Барои кормандони Милиция (барои онхое, ки дар мубориза бо чинояткори хизмати шоиста мекунанд) медалхои «Барои хизмати аъло дар мухофизати тартиботи чамъияти», «Барои хизмати бенуксон» (дарачахои 1, 2, 3) ва нишони сарисинагии «Корманди Хизматнишондодаи ВКД-ии СССР», Аълочии милицияи совети таъсис карда шудаанд. Дар РСС Точикистон Милиция 6 Феврали 1925 дар хайати КХКД (аз 1946 Вазорати корхои дохили) ташкил гардидааст. Сахми Милицияи халки дар баркарору мустахкам кардан ва хифзи Хокимияти Совети дар РСС Точикистон бузург аст. Милицияи Точикистон дар хифзи тартиботи чамъияти ва муборизаи зидди чинояткори хизмати шоиста дорад. Холо аксарияти кормандони Милиция маълумоти олию миёнаи махсус ва миёнаи умуми доранд.