МИЛИТАРИЗМ (франс. militaris- me, аз лот. militaris — харби), ба маънои васеаш — сиёсати афзудани икдидори харбии давлати истисморгар бо максади гузаронидани сиёсати чанги истилогарона ва фуру нишондани мукобилати оммаи мехнаткашон дар дохили мамлакат. Милитаризм зухуроти доимии мохияти чамъияти антагонист буда, хамчун системаи иктисодиёт, сиёсат ва идеологияи давраи капитализм ташаккул ёфтааст. «Милитаризми хозира… хамчун кувваи харбии аз тарафи давлатхои капиталисти дар вакти задухурдхои беруни онхо истифодашаванда… ва хамчун яроки дар дасти синфхои хукмрон барои фуру нишондани хар навъ харакатхои (иктисоди ва сиёсии) пролетариат хизматкунанда зухуроти хаётии» капитализм мебошад» (Ленин В. И.; Ас., ч. 15, с. 189). Милитаризм хусусан дар давраи империализм, ки конуни нобаробарии тараккиёти иктисоди ва сиёсии мамлакатхои капиталисти боиси кувватгирии зиддияти байни онхо гардид, хеле инкишоф ёфт. Милитаризм дар инкишофи босуръати харбикунонии иктисодиёт, харочоти беандозаи харби, афзоиши куввахои мусаллах ярокиокшавии бошитоб, баландшавии макоми доирахои харби дар хаёти чамъиятию сиёси ва иктисодии мамлакатхои капиталисти зохир мегардад.
Сиёсати берунии милитаристии давлатхои империалист боиси ду чанги чахони ва бештар аз 250 чанги байни давлатхои алохида гардид, ки дар онхо бештар аз 90 млн одам халок шудааст. Харчи умумии ин чангхо (якчоя бо харчи тайёр кардани онхо) 5 триллион долларро ташкил медихад. Ба инкишофи Милитаризм бунёди комплексхои харбию саноатй мусоидат мекунад. Дар ШМА, ки милитаризация шакли басо хатарнокро гирифтааст, хозир армияи америкои 2 млн 50 хазор солдату офицер, 1054 ракетаи балистикии байникитъави дорад, 656 ракетани балистикй аз киштихои зериоби cap дода мешаванд. Захираи яроки ядрои ба 7301 пайкон мерасад. 338 самолёти бомбаандози доираи амалиёташон васеъ, 11759 танк, 173 киштии харбии рубои, 80 киштии зериоби, 3700 самолёти харби дорад.
Дар давоми солхои 1970/71—1980/81 харочоти харбии Англия 4,5 маротиба, яъне аз 2,5 то 11 млрд фунт стерлинг афзуд. Барои яроку аслиха кисми зиёди харочоти харби (40%) сарф мешавад. Солхои 70-ум ин харочот 5,2 маротиба афзуда, аз 836 млн ба 4336 млн фунт стерлинг расид.
Дар дахсолахои охир харочоти харбии РФГ хеле афзуд. Агар соли 1970-ум 25,8 млрд бошад, соли 1980 ба 60 млрд расид.
Дар бист соли охир харочоти харбии Япония 13 маротиба ва дар дахсолаи охир 4 маротиба афзуд. Дар давраи империализм Милитаризм вазифаи танзимкунандаи вазъи иктисодиёти империалистиро ба чо меорад: ба гуншавии капитали харби, ташкили бозори давлатии ярок; ва бойшавии монополияхои харбию саноати кумак мекунад. Фоидаисофи монополияхои ШМА дар зарфи 6 соли чанги ШМА дар Вьетнам (1966—71) 28,57 млрд долларро ташкил дод. Инкишофи Милитаризм ногузир боиси афзудани бекурбшавии пул, карзхои давлати, кимати, кам шудани харчи давлати барои маориф, тандурусти ва таъминоти ичтимои мегардад. Сиёсати Милитаризм дар идсологияи шовинизм, миллатчиги, нажодпарасти ва антикоммунизм зохир мешавад.
Милитаризми хозираро буржуазияи монополист дар арсаи байналхалки, пеш аз хама дар муборизаи зидди чахони социалисти ва харакати миллию озодихохии халукхо истифода менамояд. Аз тарафи дигар, Милитаризм аслихаи хукмфармои синфхои истисморгар бар мехнаткашон (бо зури) дар мамлакатхои капиталистист. Армия аз соли 1900 то 1960 бештар аз 500 маротиба, солхои 1964—72 бештар аз 200 маротиба дар пахш кардани харакатхои оммавии мехнаткашон иштирок намуд. Дар давраи баъди Чанги дуюми чахони сиёсати берунии милитаристии империалистон аз антисоветизм, муборизаи зидди мамлакатхои социалити, инчунин навмустамликадори иборат аст. Бо максади ба амал баровардани ин сиёсат блокхои гачокори харбию сиёсии НАТО СЕАТО CEHTO, АНЗЮС ва г. ташкил карда шуданд. Сиёсати милитаристии империализм хусусан дар чанги ШМ; I дар Вьетнам, Камбоча ва Лаос, инчунин дар мочарои харбии Исроил дар Шарки Наздик равшан аён гардид. Вазифаи мукаддаси хамаи давлатхои сулхдуст, хамаи халкхои чахон кайд шудааст дар карорхои съезди 24, 25, 26-уми КПСС, аз он иборат. аст, ки ба чанги нави чахони рох надиханд. СССР ва диг. мамлакатхои социалисти, партияхои коммунист коргари, инчунин тарафдорони сулхи тамоми чахон ба мукобили Милитаризм фаъолона мубориза бурда, ба ярокпартоии умуми, хамзистии осоишта даъват ва сиёсати ленинии сулхро хифз менамоянд.
Ад.: Энгельс Ф.. Анти-Дюринг. Д, . 1975; хамон муалл., Имперские военный закон, Маркс К. и Энгельс Фп Соч., т. 18; Ленин В. И., Милнтаризми чангчу ва тактикаи зиддимилитаристии социал-демократия. Ас., ч. 15; Программен КПСС, Д., 1974; Материалхои съездхои 25, 26 КПСС, Д., 1976—81; Международное совещание коммунистических и рабочих партий, М., 1969; Скопин В. И.. Милитаризм. Историчеснме очерки, М. ,1957; Бернал Джм Мир без войны, пер. с англ. М., 1960; Перло В., Милитаризм и промышленность, пер. с англ., М., 1963; Миголатьев А., Милитаризм — угроза безопасности народов, «Международная жизнь», 1979.