Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЛАН

МИЛАН

milanМИЛАН (Milano), шахрест дар шимоли Италия, маркази маъмурии вил. Ломбардия ва музофоти Милан. Калонтарин маркази иктисоди ва мадании мамлакат. Ахолиаш 1,7 млн, бо атрофаш 4 млн нафар (1976). Узели рохи охан ва роххои автомобилгард. Каналхои киштигард Миланро бо д. По пайвастаанд. Аэропорташ ахамияти байналхалки дорад. Сохахои асосии савоаташ: мошинсозии гуногунсоха (самолёту мотор, автомобилу трак­тор ва дастгоххо, истехсоли мото­цикл, велосипед, тачхизоти рохи охан, Турбинахо, инчунин мошинсозии сохахои злектротехникаю радиоэлектроника) ва саноати харби. Саноати истехсоли махсулоти нефт, химия, резин, металлургия (махсусан истехсоли пулодхои хушсифат), бофандаги, хуроквори, дузандаги, чарму пойафзол, шиша, полиграфия таракки кардааст. Дар Милан якчанд мактаби оли (университет, институти политехники, университетхои католики ва савдо, консерватория, академияи саноеъи нафиса ва диг.) ва муассисахои илми, китобхонахо, театри операи «Ла Скала» ва диг. театрод музейхо, нигористони суратхо мавчуданд. Намунаи иморатхои Рими Кадим, ёдгории а-хои 4 ва 9—13 (калисои Сан-Лоренцо Мачоре, Сант-Амброчо, Сант- Эусторчо ва г.) ва давраи Эхё (Па­лаццо делла Районе, калисои чомеи готи, Кастелло Сфорцеско, Палаццо Марино ва г.) боки мондаанд. Аз иморатхои асри 20 бинои Рустичи, унститути тичорати, павильонхои намоишгохи Милан, Торре Be ласкай осмонбус ва г. чолиби диккатанд.

Милан охири асри 5 ё аввали асри 4 то м. буньёд ёфтааст. Аз соли 196 то м. дар хайати Рим (номи римиаш Mediola­num). Асрхои 11—12 М.— маркази мухими хунармандию савдо. Соли 1162 аз тарафи кушунхои император Фридрихи I Барбарос вайрон карда шуд, вале дере нагузашта аз хисоби лигаи Ломбард аз нав баркарор гардид. Аз соли 1535 дар хайати Испания.

Соли 1706 шахрро Австрия, 1796 кушунхои Наполеон ишгол карданд. Соли 1797 пойтахти республикаи Цизальпин, 1802 — республикаи Италия, 1805 — королии Италия. Солхои 1815— 59 боз дар хайати Австрия. Соли 1861 ба королии Италия хамрох шуда маркази мухими харакати коргари гардид. Соли 1882 дар Милан партияи кор­гари ташкил ёфт. Соли 1943 Миланро фашистони немис ишгол намуданд. 26 апрели 1945 шаби озод карда шуд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …