Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКОЯН Артём Иванович

МИКОЯН Артём Иванович

mikoyan-artemМИКОЯН Артём Иванович (5. 8. 1905, дехаи Санаин, хозира pайони Туманян, PСC Арм.— 9. 12. 1970, Моск­ва), авиаконструктори совети, акад. АФ СССР (1968; аъзо-корр, 1953), генерал-пол­ковники хизмати инженери – техни­ки, ду карат Кахрамони Мехнати Социалисти (1956, 1957). Аъзои КПСС аз соли 1925. Аз соли 11923 аввал дар заводхои Ростови Дон ва баъд дар заводи «Динамо»-и Москва харрот шуда кор кард. Пас аз хатми Академияи харби-хавоии инженерии ба номн Н. Е. Жуковский (1936) намояндаи харби дар заводи авиациони ва баъд чонишини раиси бюрои конструктории ха­мон з-д буд. Аз соли 1940 сарконстружтори бюрои тачрибави-конструктори оид ба самолётсози. Соли 1940 тахти рохбарии Микоян (хамрохи М. И. Гуре­вич) самолёти киркунандаи МИГ-1 сохта шуд. Намуди такмилёфтаи са­молёти мазкур (МиГ-3) дар Чанги Бузурги Ватани истифода шуд. Микоян яке аз пионерони авиацияи реактиви дар СССР мебошад. Як катор самолётхои киркунандаи фавкуссадои реактиви сохт. Бо самолёти реактивии Е-266 (конструкцияи Микоян) якчанд рекордхои чахони гузошта шуд. Де­путати Совети Олии СССР (даъватхои 3—8). Лауреати Мукофотхои давлатии СССР (1941, 1947, 1948, 1949, 1952, 1953) ва ленини (1962). Бо 6 ордени Ленин ва диг. ордену медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …