Маълумоти охирин

МИКЕН

mikenМИКЕН (Mykenai), шахри ка­дим дар Арголид (чан. Юнон), маркази калони давраи биринчи. Хазораи 3 то м. бошишгохи хурде буд. Аз асри 17 то м. пойтахти яке аз дав­латхои кадими синфии ахейхо гардид.

Дар Микен аз соли 1876 бо фосила хафриёти археологи гузаронида ме­шавад (археологи немис — Г. Шли­ман, англис — А. Уэйс, олимони юнони — X. Чунтои, Г. Милонас). Ашьёхои дар натичаи хафриёти кабрхои подшохони Микен (асрхои 17— 16 то м.) ёфташуда аз иктидори иктисодии Микен шаходат медиханд. Микен дар солхои 1400—1200 то м. нашъунамо ёфт. Акрополи Микен дар ин давра бо деворхои нав ихота гардид. Касри пуршукух аз толори мухташам, оинохои икомати ва хочаги иборат буда, дар ибодатгох хайкалчахои мармари ва гилии худохо гузошта шудаанд. Микен такрибан соли 1200 то м. аз сухтор хароб гардид. Дар садсолаи минбаъда шахр ва нав баркарор карда шуд, вале он роли калон набозид. Микенро соли 470 то м. Аргос забт ва хароб кард.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …